Ансамбли меъморӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ансамбли меъморӣ — якҷоягию якоҳангӣ ва мутаносибии маҷмӯи биноҳо, иншооти инженерӣ, тасвироти монументалӣ, муҷассамаҳо ва гулгаштҳо.

Дар ансамбли меъморӣ шароити маҳал (релеф, ҳавзу кӯлҳо, долу дарахт ва ғайра) мавқеи муҳим дорад. Ансамблҳои меъморӣ якбора аз рӯи нақшаи ягонаву услуби хос ва ё дар муддати дароз бо роҳи илова кардани биноҳою иншооти нави услубии дигар ба маҷмӯи биноҳои аввала шакл мегиранд. Дар ҳолати дуюм ҳаҷм ва ченаки асосии иншооти кӯҳнаву навро мутобиқ кардан зарур аст. Аксари ансамблҳои меъморӣ дар муддати тӯлонӣ ба амал омадаанд. Масалан, Кремли Москва, Майдони назди қаср дар Санкт-Петербург ва ғайра Дар Осиёи Миёна чунин ансамблҳо ҳанӯз дар асрҳои 11 — 12 қариб дар ҳамаи шаҳрҳо пайдо шудаанд. Масалан, дар маркази шаҳри Урганҷ ансамбли меъморӣ, ки дар садаи X бино ёфта буд, аз қасрҳои Маъмун ва писари ӯ Алӣ, дарвозаи Ҳуҷҷоҷ ва майдони фарохи байни онҳо иборат аст. Ба ансамбли меъмории маркази Марв биноҳои масҷид, қаср ва Мақбараи султон Санҷар дохил мешуданд. Дар Самарқанд ансамбли меъмории Шоҳи зинда дар атрофи мақбараи Қуссам ибни Аббос (асрҳои 13 — 15) ва ансамбли меъмории Регистон иборат аз мадрасаҳои Улуғбек, Тиллокорӣ ва Шердор (асрҳои 15 — 17) шакл ёфт. Чунин ансамбли меъморӣ дар Узганд (се мақбараю як манора), Баласоғун (ду мақбараю як манора), Ҳисор (қалъа, ду мадраса, мақбара, масҷид ва корвонсарой) ва дигар шаҳрҳо вуҷуд доштанд. Машҳуртарин ансамбли меъмории қадим Мусаллои Ҳирот будааст, ки он аз рӯи нақшаи ягона, дар як вақт аз тарафи меъмори машҳур Қавомуддин Алӣ сохта шуда, аз якчанд бино — масҷид, мадраса, манора, гулгашт ва фаввораҳо иборат будааст. Ҳоло дар маркази ҳар шаҳр як ё якчанд ансамбли меъморӣ ҳаст.

Ансамбли меъмории Майдони ба номи Садриддин Айнӣ, ҳайкали Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат (ҳама дар шаҳри Душанбе) аз намунаҳои ансамбли меъмории ҳозираанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]