Апостроф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Апостроф
'’
# $ % & ' ( ) * +

Хусусиятҳо


Юникод

': U+27
: U+2019

HTML-код

'' ё '
’ ё ’

UTF-16

': 0x27
: 0x2019

URL-код

': %27
: %E2%80%99

Мнемоника

''
’

Апостроф (фр. apostrophe аз юн.-қад. ἀπόστροφος — ба як самт ё ба қафо нигаронидашуда) — аломати вергулшаклест (’), ки дар болои сатр гузошта мешавад.

Дар дигар забонҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар баъзе забонҳои аврупоӣ ба ҷойи садоноки талаффузнашаванда ба кор мебаранд. Масалан, дар забони англисӣ I’m ба ҷойи I am, don’t ба ҷойи do not; дар забони франсавӣ l’homme ба ҷойи le homme; дар забони италиявӣ dell’ arte ба ҷойи della arte ва ғайра Дар баъзе номҳои аз забонҳои аврупоӣ ба забони русӣ гузашта пас аз бандакҳо апостроф гузошта мешавад: Д’ Артанян, О’ Генри, О’ Брайен, О’ Конор, Жанна Д’ Арк ва ғайра.

Дар забони тоҷикӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин калимаҳо дар забони тоҷикӣ ба ҳамин тарз сабт мегарданд.

Дар овонавишти фонетикӣ дар забони русӣ апостроф барои ифодаи хосияти нармии талаффуз корбаст мешавад: [д’ен’] – день, [д’ад’ъ] – дядя. Дар забони тоҷикӣ ҳангоми сабти фонетикии нимовози калимаҳои лаҳҷавӣ апостроф ва ё аломати ъ-ро ба кор мебаранд: в’t – въt – буд; к’ҷо – къҷо – куҷо? ва ғайра Дар имлои забони русӣ то охири солҳои 20 садаи XX апостроф вазифаи ҷудосозандаи ҳиҷоҳоро иҷро мекард: с’езд, под’ём, под’езд, об’явление ва ғайра. Соли 1928 ба аломати сакта (ъ) иваз шуд. Бо ҳамин вазифааш апостроф дар алифбои лотинии забони тоҷикӣ маъмул буд ва баъдан бо аломати сакта иваз гардид: ja’ne – яъне, Sa’di – Саъдӣ, ba’d – баъд ва ғайра

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]