Атакама

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биёбони Атакама, намуд аз кайҳон, акс аз NASA World Wind
Биёбони Атакама, намуд аз кайҳон, акс аз NASA World Wind

АТАКÁМА (исп. Desierto de Atacama) — биёбоне дар дар шимол Чили, дар нишебии қисми ғарбии куҳҳои Анд. Қад-қади соҳили Уқёнуси Ором (байни 22°–27° арзи ҷанубӣ) тақрибан 1000 км тӯл кашидааст, масоҳаташ 363 км2. Баландиаш аз сатҳи баҳр то 3200 метр (куҳи Кордилйери соҳилӣ) ва дар ғарб 4325 метр (нишеби Кордилйер-Домейко). Иқлимаш тропикии пассатӣ. Атакама хушктарин минтақаи кураи Замин аст (се-чор бориш дар сад сол). Дар қисми соҳилии Атакама рутубати ҳаво 82% ва абрнокӣ 85% аст; то баландии 600 метр ҳамеша тумандор аст. Барои обёрии киштзор дар баъзе минтақаҳояш рутубати атмосфериро ба воситаи таҷҳизоти махсуси ҷамъ­оварандаи меҳ (тӯрҳои резбофти капронӣ) ҷамъ оварда, об ҳосил мекунанд. Дар қисми соҳилиаш ҳарорати миёнаи январ наздики 20°С, июл тақрибан 13°С; бориши миёнаи солона 50 мм, он ҳам на ҳар сол. Биёбонро танҳо дарёи Лоа бурида гузашта, ба уқёнус мерезад. Заминаш шӯрахок ва набототаш хеле кам аст. Дар Атакама конҳои селитраи натрий ва калий, йод, намаки ошӣ ва захираҳои зиёди мис (дар Чукикамата, Эл-Салвадор ва ғайра) ёфт шудаанд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.54

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]