Аъзамҷон Азимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аъзамҷон Азимов
Аъзамҷон Холматович Азимов
Таърихи таваллуд 8 март 1959(1959-03-08) (64 сол)
Зодгоҳ деҳаи Ворух ноҳияи Ифара, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Аъзамҷон Холматович Азимов ( 8 марти соли 1959, деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара) — адабиётшинос, публитсист ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (2009).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1984). Муҳақиқкоромӯзи кафедраи «Таърихи матбуот»-и факултети журналистикаи Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (1988 – 89). Аспирант (1989 – 93), дотсент ва мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1994 – 2006). Декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи проректори Донишкадаи инноватсионӣ ва комуникатсионии Тоҷикистон (2006 – 2007) буд. Аз соли 2010 муаллими кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Азимов ба масъалаҳои таърихи ташаккули матбуоти тоҷики солҳои бистум (дар мисоли рӯзномаи «Овози тоҷик» ва заминаҳои он пардохта, оид ба журналистикаи тоҷик дар солҳои инқилоби маданӣ (солҳои 1929 – 1940) таҳқиқоти муфассали илмӣ анҷом додааст.

Ба қалами Азимов зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва 150 мақолаи публитсистӣ тааллуқ дорад. Муаллифи монография, китобҳо ва маҷмӯаҳои «Шарораи меҳр» (1997). «Очеркҳо аз таърихи матбуоти тоҷик» (1998), «Воқеияти зиндагӣ ва матбуоти тоҷик» (2000), «Публитсистика ва замони муосир» (2003), «Таърихи ташаккули радиои тоҷик» (2005), «Адабиёт дар матбуоти солҳои сиюм» (2007), «Марзи сухан» (2008), «На заре стоновления» (2010) ва ғайра мебошад. Дорандаи ҷоизаи ИЖ Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2008), Аълочии матбуоти ҶТ (2003), Аълочии фарҳанги ҶТ (2004), Аълочии маорифи ҶТ (2005). Узви конфедератсияи байналхалқии журналистон ва аз соли 1997 узви ИЖ Тоҷикистон.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Нишоти умр, Д., 2000;
  • Гавҳаршинос, Д., 2001;
  • Ҳадиси дӯст; Становление таджикского радио; Меҳрафзун, Д., 2007;
  • Перояи умр; Оташи меҳр; Озодамард, Д., 2008.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С.45.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]