Бастом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Бастом
بسطام
Кишвар Эрон
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 450 м
Минтақаи замонӣ IRDT[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0274
bastam.ir(форсӣ)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бастом (порсӣ: بسطام) Бистом, Бустом — шаҳри таърихӣ, дар шаҳристони Шоҳрӯд воқеъ дар Устони Симнон. Маркварт бунёдгузори ин шаҳрро «Вистаҳм» (Бистом) донистааст. Вистаҳм тағои Парвизи Сосонӣ (590–628) буд, ки муддате дар Хуросон, Кумиш (Қумис), Табаристону Ҷурҷон фармонравоӣ доштааст. Баъди исён бар Хусрави Парвиз худро шоҳ эълон кард. Аз Вистаҳм сиккаҳое то рӯзгори мо расидаанд, ки дар онҳо ӯ худро «Пирӯз Вистаҳм» хондааст.

Фирдавсӣ Бастомро бо номи «Густаҳам» ёд карда, ҳамчунин номи ш. Бастомро ҳангоми зикри рафтани Хусрави Анӯшервон (531–579) ба Хуросон ва аз ин шаҳр гузаштани ӯ овардааст. Абудулаф Бастомро рустои шаҳракгуна қаламдод кардааст. Дар рӯзгори ӯ бар рӯйи теппаи рӯбарӯи ш. Бастом қарордошта кохе бузург бо деворҳои баланд, сохтмонҳо ва ғурфаҳои бисёр барпо будааст, ки мегуфтаанд: «Онро Шопури Зулактоф сохтааст».

Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал Бастомро аз Домғон ободтар донистаанд. Соли 856 дар Бастом заминларзае рӯй дод, ки сеяки сохтмонҳои Бастомро вайрон кард. Соли 875 Аҳмади Абдуллоҳи Хузистонӣ, ки нахуст аз тарафдорони Яъқуби Лайси Саффор буд ва сипас бар ӯ шӯрид, Бастомро гирифт ва куштори бузурге кард. Бо вуҷуди чунин вайронию куштор Бастом дар а. 10 ҳанӯз шаҳри ободу пурравнақ будааст. Дар рӯзгори Оли Буя (934–1056) Бастом дар шумори 50 шаҳре будааст, ки ин давлат дар он ҷо сикка мезадааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]


Шаҳрҳои устони Симнон
Айвонкӣ | Бастом | Дарҷазин | Дибоҷ | Домғон | Гармсор | Калоте Хиҷ | Меҳдишаҳр | Ородон | Симнон | Сурхе | Шоҳрӯд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]