Бақеъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қабристони Бақеъ. Соли 2008

Бақе́ъ (ар. البقيع‎) — аввалин гӯристони мусулмонон дар қисмати шарқии Мадина, дар канори масҷиди Пайғамбар (с), ки дар он чун Усмон ибни Аффон (р), имом Ҳасан, Аббос ибни Абдулмуталлиб, духтарон ва аксари ҳамсарони Пайғамбари акрам (с) ва дигар бузургони садри аввал мадфунанд[1].

Минтақаи Бақеъ дар рӯзгори Расули Худо (с) дар гӯшаи шаҳри Мадина ҷойгир шуда, онро аз се ҷониб киштзорҳои мардум иҳота мекард. Пас аз тавсиаи Мадина гӯристони Бақеъ дар миёнаи шаҳр қарор гирифт ва пас аз тавсиаи масҷиди набавӣ дар давраҳои ахир он бо масҷид пайвастааст ва онҳоро роҳрав ва хиёбони борике аз ҳам ҷудо мекунад. Бақеъ яке аз бузургтарин осори боқимонда ва мероси замони нубувват аст, ки дар назди уммати ислом арзиши динии хоссе дорад ва ҳамин кофист, ки Расули Худо (с) вориди он мешуд ва барои хуфтагони он манзил дуо мекард.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Гӯристони Бақеъ то соли 1925

Расули акрам (с) пас аз ҳиҷрат ба Мадина қитъаи заминеро дар канори масҷиди худ барои дафни мусулмонон интихоб кард ва чун дар он гиёҳи хоре бо номи ғарқад мерӯид, ба гӯристони Бақеи ғарқад низ маъруф гардид. Яке аз дарвозаҳои масҷиди набавӣ бо номи Бобулбақеъ ба тарафи ин гӯристон боз мешавад. Мусулмонон пеш аз ҳиҷрат ҳамроҳи мушрикон дар гӯристонҳои умумӣ дафн мешуданд ва нахустин касе аз муҳоҷирон, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуд, Усмон ибни Мазъун – саҳоба ва бародари разоии Расули Худо (с) буд, ки соли дуюми ҳиҷрӣ пас аз ҷанги Бадр вафот кардааст ва нахустин нафар аз ансор Асъад ибни Зурора – аз асҳоби байъати Ақаба аст, ки ӯ низ соли дуюми ҳиҷрӣ пеш аз ҷанги Бадр вафот кардааст. Пайғамбар (с) пас аз дафни Усмон ибни Мазъун сангеро бар сари қабри вай гузошт ва фармуд: «Ин қабри пешрафтаи мост!»

Охирин саҳобае, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуд, Саҳл ибни Саъди Соидии Ансорӣ (вафот соли 91 ҳиҷрӣ) аст. Дар баъзе маъхазҳои таърихӣ аз имом Молик ривоят шуда, ки даҳ ҳазор саҳобаи Расули Худо (с) дар Мадина вафот карданд ва дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд.

Ашхоси дар Бақеъ ба хок супурдашуда[вироиш | вироиши манбаъ]

Саҳобагон ва пайвандони зиёде дар замони ҳаёти Расули Худо (с) вафот карда, дар гӯристони Бақеъ ба хок супурда шудаанд, вале ривоят шуда, ки он Ҳазрат (с) барои гузоштани мурда танҳо дар панҷ қабр фуруд омадааст:

  • қабри модари муъминон саййида Хадиҷа (р) дар Макка,
  • қабри писари саййида Хадиҷа (р) аз шавҳари қаблиаш, ки дар тарбияи он Ҳазрат (с) буд,
  • қабри Абдуллоҳи Музанӣ маъруф ба Зулбиҷодайн (р),
  • қабри модари Оиша (р) Уммирумон,
  • қабри Фотима бинти Асад – модари Алӣ (р).

Аз ҳамсарони поки Расули Худо (с) – модарони муъминон, ба ҷуз Хадиҷа (р) ва Маймуна (р), ҳама дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд. Хадиҷа (р) дар ҷаннатулмуалло – гӯристони аҳли Макка ва Маймуна (р) дар мавзее дар наздики Макка бо номи Сараф дафн гардидаанд.

Гӯристони Бақеъ дар замони расули Худо (с) масоҳати хурдтаре – ҳудудан ҳаштод дар ҳаштод (80х80) метри мураббаъро («Бақеи ғарқад», соли 22) фаро мегирифт, пас аз он аз тарафи шим. ғарбӣ порчаи замини дигаре бо номи бақеи аммаҳо – ҷое, ки ду аммаи пайғамбар (с) – Сафия ва Отика дар он дафн шуда буданд ва дар замони халифаи сеюм Усмон (р) боғи ӯ бо номи Ҳушши Кавкаб аз шарқ ба он афзуда шуд. Масоҳ. умумии гӯристони Бақеъ пас аз афзудани ин ду қитъа ба он бар асоси таҳқиқоте, ки мураттибони китоби «Бақеи ғарқад» дар ин бора анҷом додаанд (соли 22–25), сад дар дусаду панҷоҳ (100 х 250 м²) – ҳудуди бисту панҷ ҳазор (25 000) метри мураббаъро ташкил медод. Пас аз охирин тавсиаи ҳарами набавӣ дар замони ҳукумати Саудӣ соли 1410 ҳиҷрӣ тангкӯчаҳои байн бо номи зиқоқи аммаҳо ва заминҳои атроф ба гӯристони Бақеъ аф­зуда шуд ва масоҳ. имрӯзаи он як саду ҳаштод ҳазор (180 000) метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Соли 1333 ҳиҷрӣ ба дастури Суъуд ибни Абдулазиз барои осон шудани убури зоирон дар миёни қабрҳо роҳравҳо ва гузаргоҳҳои сементӣ сохтанд ва дар замони шоҳ Файсал ибни Абдулазиз дарвозаи бузурге бар дари гӯристони Бақеъ насб намуданд.

Расули Худо (с) ҳар чанд гоҳе ва дар ҳафтае камаш як бор ба гӯристони Бақеъ мерафт ва дар ҳаққи аҳли он дуо ва талаби истиғфор мекард. Барои касе, ки вориди Мадина мегардад, аз муҳимтарин мустаҳаббот аст, ки пас аз зиёрати масҷид ва равзаи Расули Худо (с) ба гӯристони Бақеъ равад ва дар ҳаққи хуфтагони он дуо ва талаби истиғфор намояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.289-291 // А. Боқизода.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مسند الامام احمد. القاهرة، ۱۹۹۵؛
  • الموسوعة العربية العالمية. النسخة الالکترونية. الریاض، ۲۰۰۴؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج. ۳. تهران، ۲۰۰۴؛
  • دکتور محمد انور بکری و حاتم عمر طه. بقیع غرقد. المدینة المنورة، ۲۰۰۴؛
  • سنن الترمذی. بيروت، ۲۰۰۴؛
  • صحیح مسلم. بیروت،۲۰۰۵؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]