Бақӣ ибни Махлад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бақӣ ибни Махлад
араб. ар. بقي بن مخلد
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим
Таърихи таваллуд: майи 817
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 октябр 889 (72 сол)
Маҳалли даргузашт:
Устодон: Аҳмад ибни Ҳанбал
Вироиши Викидода

Абуабдураҳмон Бақӣ ибни Маҳлади Қуртубӣ (ар. أبو عبد الرحمن بقي بن مخلد القرطبي‎; майи 817, Қуртуба, Андалусия27 октябр 889, Қуртуба, Андалусия) — муҳаддис ва муфассири машҳури андалусӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсилоти ибтидоиро дар маҳ­фили муҳаддисони Андалус оғоз карда, сипас роҳии сар­замин­ҳои дигари шим. Африқо, Миср, Ҳарамайн, Димишқ ва шаҳрҳои Ироқ гардид. Бақӣ ибни Махлад бо тӯшаи пурборе аз ҳадису фиқҳ ба Андалус баргашта, ҳамроҳи дӯсташ Му­ҳаммад ибни Ваззоҳ он сарзаминро пойгоҳе барои нашри ҳадис гардонид. Ибни Ҳазм ӯро дар заминаи ривояти ҳа­дис ҳампойи Имом Бухорӣ арзёбӣ кардааст. Бақӣ ибни Махлад тафсире дошт, ки ба гуфтаи Ибни Ҳазм аз «Тафсири Табарӣ» бартар буда, ҳамчунин, муснаде таълиф намудааст, ки аҳодис дар он дар зайли номи саҳобагон ва ба тартиби мавзӯъу ҳуруфи алифбоӣ танзим ёфта будаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج۳. تهران،۲۰۰۴؛
  • خیرالدین زرکلی. الاعلام. بیروت، ۲۰۰۵؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶؛