Баҳри Сурх

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳри Сурх
?
Характеристики
Наибольшая глубина2 211 м
Средняя глубина490 м
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳри сурх (юн.-қад. Ερυθρὰ Θάλασσα Эритра Таласса, ар. البحر الأحمرBahr el-Ahmar, ибрӣ: ים סוף Yam Suf, англ. Red Sea) — баҳри миёназаминии Уқёнуси Ҳинд, дар байни нимҷазираи Арабистон ва Африқо.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соҳилҳои Б. С. Судон, Ҳабашистон (Эфиопия), Арабистони Саудӣ ҷойгиранд. Б. С. аз Шим. ба воситаи наҳри Суэс бо Баҳри Миёназамин, аз Ҷ. ба воситаи гул. Бобилмандаб бо халиҷи Адан ва Баҳри Араб пайваст аст. Дарозиаш аз Шим. ба Ҷ. аз 1932 то 2350 км, паҳнояш аз 350 то 360 км, масоҳ. 450 ҳазор км2, ҳаҷми об 251 ҳазор км3. Дар шим. баҳр ду халиҷ – Суэс ва Акаб мавҷуд аст, ки ба воситаи гул. Тиран ба Б. С. пайваст мешаванд. Умқи халиҷи Акаб то 1800 м. Б. С. яке аз софтарин, гармтарин (то 500С) ва шӯртарин (40–60 дарсад) баҳрҳои дунё мебошад. Иқлимаш гарми хушк, ҳарор. дар моҳҳои дек.–янв. аз +150С то +270С, июл аз +270С то 320С. Боришоти солона 28–217 мм. Б. С. моҳиҳои гуногун, делфинҳо, наҳанг ва ғ. дорад. Б. С. роҳи кӯтоҳтарини баҳрӣ байни мамлакатҳои Африқо, Аврупо, Осиё ва Австралия аст. Бандарҳои асосиаш: Суэс (Миср), Порт-Судон (Судон), Ҷидда (Арабистони Саудӣ), Массауа Ҳабашистон (Эфиопия), Ҳудада (Яман). Аз сабаби дар баҳр мавҷуд будани обсабзҳои сурхранг, онро Б. С. номидаанд.\

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бухарин М. Д. Происхождение понятия «Красное море» // Вестник древней истории, 2009, № 3, стр. 46—63.

Ссылки[вироиш | вироиши манбаъ]