Баҳром ва Гуландом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Баҳром ва Гуландом» (форсӣ: بهرام وگل‌اندام‎) — яке аз достонҳои адабиёти омиёнаи форс-тоҷик.

«Баҳром ва Гуландом» достони ишқӣ аст, аммо аз рӯйи баъзе лаҳзаҳо (эпизодҳо), мас., ҷангҳову ҷидолҳо, шикорҳои Баҳром – қаҳрамони асосии асар, он оҳангу сурати паҳлавонӣ гирифтааст. Подшоҳзодаи Рум – Баҳром ҳангоми шикор дар санге акси духтари нозанинеро дида, ба ӯ дил мебандад. Ин нозанин духтари шоҳи Чин Гуландом будааст. Баҳром пас аз тай намудани роҳи дуру дароз ва рафъи мушкилот Гуландомро пайдо мекунад. Онҳо ба ҳамдигар 10 номаи ошиқона радду бадал месозанд ва дар охир ба висол мерасанд. Дар «Баҳром ва Гуландом» инсони фаъолу собитқадам, ҷасуру тавоно амал мекунад. Ӯ дилсӯзу хайрхоҳи мазлумон аст, инсофу адолатро ҳимоят мекунад. «Баҳром ва Гуландом» аз адабиёти омиёна ба адабиёти хаттии форс-тоҷик роҳ ёфтааст. Дар заминаи он шоирон Котибии Нишопурӣ, Муҳаммади Аминӣ (а. 17) ба форсии тоҷикӣ ва шоири ӯзбек Сайқалӣ (а. 18) ба забони ӯзбекӣ достонҳои манзум офаридаанд. Дар охири садаи 18 Симеон Игнатев (Эгнаташвили) ном муҳоҷири гурҷӣ «Баҳром ва Гуландом»-ро ба русӣ баргардонда, чоп кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Салимов Ю.. Насри ривоятии фосу тоҷик. Д., 1971;
  • Гваҳария А. А.. О персидских и грузинских версиях «Бахром и Гуландом» // маҷ. «Народы Азии и Африки», № 2, 1967;
  • Международное значение персидских народных дастанов // Интернациональное и национальное в литературах Востока. М., 1972.