Беленитский Александр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Беленитский Александр Маркович
Таърихи таваллуд 24 март 1904(1904-03-24)
Зодгоҳ Вилояти Смоленск
Таърихи даргузашт 1993(1993)
Фазои илмӣ бостоншинос,олими муаррих-шарқшинос

Беленитский Александр Маркович - (24.03.1904, деҳаи Любинои ноҳияи Усвятскийи вилояти Смоленск – 1993, Санкт-Петербург), муаррих-шарқшинос, бостоншинос, доктори илмҳои таърих (1967). Ходими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1975), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1977.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1930). Дар ҶБВ (1941–1945) иштирок кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ барои кор ба Тоҷикистон омад ва фаъолияташ чун донишманди илми таърих, омӯзгор дар ҳамин ҷо ҷараён гирифтааст. Дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург таҳсил карда, бо унвони «Сарбадорони Эрон» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Аз соли 1936 ходими илмҳои Шуъбаи Ленинградии Институти бостоншиносии АИ ИҶШС. Солҳои 1946–1978 Беленетский ҳар сол дар таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ҳудуди Тоҷикистон иштирок мекард.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Рисолаи «Очерки таърихӣ-ҷуғрофии Хуталон дар заминаи маводди бостоншиносӣ» таълиф гардидааст. Мақолаи бунёдии «Топографияи таърихии Ҳирот дар асри XV» (1946) низ дар асоси маводди бостоншиносӣ навишта шудааст. Соли 1947 Александр Маркович Беленитский бо роҳбарии Александр Юрьевич Якубовский ба омӯзиши мавзеи шаҳраки Панҷакенти қадим шурӯъ намуд ва аз соли 1954 сарварии корҳои бостоншиносии Панҷакентро ба уҳда гирифт. Осори ҳунари наққошӣ ва рассомӣ, нақшҳо дар чӯб, муҷассамаҳо аз гил ва ғайра, ки дар ҳафриёти экспедитсияи Панҷакент дастрас гардиданд, намоёнгари ғановати тамаддуни Суғд мебошанд, ки дар силки офаридаҳои санъати ҳунарии умумибашарӣ ҷой гирифтанд ва намунаҳояшон ба табъ расиданд. Дар мавзӯи Панҷакенти қадим чун шаҳр Беленитский рисолаи докторӣ дифоъ кард. Ба ғайр аз ин Беленитский ба омӯзишу тарҷумаи осори Абурайҳони Берунӣ, махсусан осори ӯ дар бораи маъданшиносӣ, машғул шудааст. Беленитский дар конгрессҳои 23 (Кембриҷ, 1954), 24 (Мюнхен, 1957), 25 (Москва, 1960) шарқшиносон, Конгресси байналмилалӣ оид ба ҳунар ва бостоншиносии Эрон (Теҳрон, 1968) иштирок ва суханронӣ кардааст. Барои маҷмӯи асарҳо оид ба таърих ва маданияти Панҷакенти Қадим, ки солҳои 1950–1970 чоп шудаанд, Беленитский соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1977 гардид.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Собрание сведений для познания драгоценностей (Минералогия) // Перевод А. М. Беленицкого. Статьи и комментарии А. М. Беленицкого и Г. Г. Леммлейн. М., 1963 (нашри диг. 2011);
  2. Средневековый город Средней Азии. Ленинград, 1973 (ҳамроҳи О. Г. Большаков ва И. Б. Бентович);
  3. Central Asia || Archeoloqia Mudi. Geneva; Paris; Munich, 1968;
  4. Mittelasien Kunst Ler Sagden. Leipziq? 1980.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грязнев М. П. К 60-летию Александра Марковича Беленицкого. // «Советская археология», Москва, 1964, №3;
  • Массон В. М. Культурогенез Древней Центральной Азии. - С-П., 2006;
  • Милибанд С. Д. Востоковеды России. - М., 2008.