Бердақ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бердақ
Таърихи таваллуд: 1827[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1900[1][2][3]
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: Забони қарақалпоқӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бердақ (қарақалп. Berdaq, номаш Бердимуроди Қарғабой; 1827, тумани Мӯйноқ — 1900) — шоир, асосгузори адабиёти қара­қалпоқӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мактаби деҳа, сипас дар мадраса таҳсил кардааст. Дар мадраса ба ғайр аз улуми мутадовила, эҷо­диёти шоирон Алишери Навоӣ, Фузулӣ, Махдумқулӣ ва диг., инчунин эҷодиёти шифоҳии мардуми қарақал­поқро омӯхт. Дар эҷодиёти Б. мавзӯъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ин­сон­­дӯстӣ, ва­танпарварӣ, панду наси­ҳатӣ, озодии зан дар ҷо­меа ва ғ. мавқеи муҳим доранд. Б. якчанд достони таъ­рихӣ («Амон­гелдӣ», «Айдосбий», «Эрназарбий») ва аса­ри таърихии «Авлодҳо» («Авлодлар») (ба тариқи сол­нома таърихи хал­қи қарақалпоқро нигоштааст) низ эҷод намудааст. Шеърҳояш дар байни мардум аз забон ба забон гузашта, ба василаи ҳофизону гӯяндагони халқӣ интишор меёф­танд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Танланган шеърлар. Тошкент, 1958;
  • Изб. соч., М., 1958;
  • Шеър­лар. Тошкент, 1976.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қурбонбоев Б. Бердақ ва ӯзбек адабиёти. Тошкент, 1986;
  • Узбекистон миллий энциклопедияси. 1. Ж. Тошкент, 2000.