Боку

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Боку
озарбойҷонӣ: Bakı
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  Озарбойҷон
Роҳбар Eldar Azizov[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис асри I
Масоҳат
  • 2 140 км²[1]
Баландӣ
−28 м
Вақти минтақавӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 AZ-BA
Коди телефон 12
Нишонаи почта AZ1000
Коди мошинҳо 10, 90 ва 99
Вебгоҳи расмӣ(озарб.)
Боку дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Боку
«Қалъаи духтарӣ»
Манзараи Баҳри Каспӣ

Боку́ (озарбойҷонӣ: Bakı, шояд аз порсӣ: بادو کوبی — баду кубе ) — пойтахт ва шаҳри калонтарини Озарбойҷон. Боку, бандари калони Баҳри Каспий ва шаҳри бузургтарини Қафқоз аст. Дар соҳили ҷанубии нимҷазираи Обшорон (Апшерон) воқеъ аст. Аҳолиаш — 2 092 400 нафар (2011, бо атрофаш 2 600 100), асосан озариҳо (то соли 1990 сермиллат буд; зимни барӯйхатгирии соли 1989-ум 66 дарсади аҳолиаш озариҳо буданд).

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Боку бори нахуст дар маъхазҳои асри 5 ва асарҳои ҷуғрофии асрҳои 9-10 («Ҳудуду-л-олам» ва дар осори Истахрӣ, Масъудӣ, Муқаддасӣ) зикр шудааст. Аз асри 11 бандари баҳрии асосии Шервон, дар охири асри 12 ва асри 15 маркази маъмурии давлати Шервоншоҳиён буд. Муаллифони асрҳои 12-15 (Ёқути Ҳамавӣ, Закариёи Қазвинӣ, Бакрон ва ғ.) кони нафт доштани Бокуро (дар асарҳои худ) қайд кардаанд. Соли 1540 Бокуро сипоҳиёни Сафавиён ва дар охири асри 16 Империяи Усмонӣ тасарруф намуданд. Соли 1604 қалъаи Бокуро лашкари шоҳ Аббоси 1 хароб кард. Солҳои 1723—1735 ва 1796—1797 зери тасарруфи сипоҳиёни рус қарор дошт. Соли 1747 маркази хонигарии Боку буд. Дар солҳои ҷанги байни русҳо ва форсҳо (1804—1813) ба Руссия ҳамроҳ карда шуд (1806). Дар нимаи дуввуми асри 19 Боку бо саноати истихроҷи нафт босуръат тараққӣ кард. Апрел-июли 1918 таҳти назорати болшевикон, августи 1918 дар тасарруфи лашкариёни англис қарор дошта, дертар Бокуро туркҳо ба даст дароварданд. Солҳои 1919-20 пойтахти Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон буд. Апрели 1920 ба Боку Артиши Сурх ворид гардид; солҳои 1920—1991 пойтахти ҶШС Озарбойҷон буд. Аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолӣ 2 181 800 наф нафар (2014). Соли 2009 дар Боку чунин миллату халқҳо маскун буданд озарбойҷониҳо (90,3 %), русҳо (5,3 %), украинҳо, курдҳо, лезгинҳо ва халқҳои Доғистон, яҳудиён, гурҷиҳо, туркҳо[3].

Сол озарбойҷониҳо % русҳо % арманиҳо % яҳудиҳо % лезгинҳо % тоторҳо % дигарон % Аҳолӣ
1886[4] 37 530 43,3 21 390 24,7 24 840 28,7 391 0,5 н.д. н.д. н.д. н.д. 2 460 2,8 86 611
1897[5] 40 341 36,0 37 399 33,4 19 099 17,1 391 0,5 310 0,3 н.д. н.д. 12 850 11,5 111 904
1926[6] 118 737 26,2 159 491 35,2 76 656 16,9 22 045 4,9 3 708 0,8 9 239 2,0 63 457 14,0 453 333
1939[7] 235 762 29,2 343 558 42,5 118 703 14,7 31 056 3,8 12 351 1,5 24 306 3,0 42 954 5,3 808 690
1959[8] 211 372 32,9 223 242 34,7 137 111 21,3 26 623 4,1 12 304 1,9 10 745 1,7 21 110 3,3 652 507
1970[9] 586 052 46,3 351 090 27,7 207 464 16,4 25 937 2,0 23 650 1,9 26 379 2,1 44 943 3,6 1 265 515
1979[10] 854 386 55,7 337 959 22,0 215 807 14,1 25 405 1,7 28 995 1,9 26 438 1,7 44 245 2,9 1 533 235
1989[11] 1 184 160 66,0 295 500 16,5 179 950 10,0 22 826 1,3 38 100 2,1 24 331 1,4 50 007 2,8 1 794 874
1999[12] 1 574 252 88,0 119 371 6,7 378 0,021 5 164 0,3 26 145 1,5 27 652 1,5 35 892 2,0 1 788 854
2009[13] 1 848 107 90,3 108 525 5,3 104 0,005 6 056 0,3 24 868 1,2 25 171 1,2 32 984 1,6 2 045 815

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Боку маркази бузургтарини иқтисодии мамлакат буда, дорои се заводи пуриқтидори коркарди нафт аст. Бокуи муосир маркази саноати мошинасозӣ, киштисозӣ, электротехникӣ (з-дҳои мошинасозии электрикӣ, «Электросвет», истеҳсоли яхдон ва кондитсионер), нафту кимиё (заводи коркарди кислотаи сулфат, истеҳсоли шина ва йоди Сурахан), коркарди семент, саноати сабук (истеҳсоли матоъҳои пахтагин, шоҳӣ ва моҳути маҳин, комбинати дӯзандагӣ, фабрикаи пойафзор) ва саноати хӯрокворӣ мебошад.

Нақлиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Тариқи гузаргоҳи киштиҳо (роҳи киштигард) бо шаҳрҳои Туркманбошӣ, Бекдашем (Туркманистон) ва Оқтеппа (Қазоқистон) мепайвандад. Маркази роҳи оҳан дар Ганҷа, Дарбанд, Имишлӣ, Саланӣ ва Ленкоран. Фурудгоҳи байналмилалӣ ва метрополитен дорад.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маркази Боку ба ду қисм — куҳна ва нав (аврупоӣ) ҷудо мешавад. Дар шаҳри қадима Шаҳри дарун, Қалъаи шикаста (асри 11), Қалъаи Духтар (асри 12), маҷмааи Қалъаи Шервоншоҳиён (асри 11), манора ва масҷиди Синик-қалъа (1079), Девонхона, манораи Масҷиди ҷомеъ, мақбараи ситорашинос Саиди Бокувӣ, корвонсаройи Мултон (асри 14) боқист. Дар қисми аврупоии Боку биноҳои охири асри 19 ва аввали асри 20, аз ҷумла бинои Думаи шаҳрӣ (1900), театрҳои мусиқӣ-мазҳакавӣ, Академияи илмҳо, Филармония, хонаи А. Қулиев (1899), осорхонаи адабиёти Озарбойҷон ба номи Низомӣ ва дигар майдону хиёбонҳои Озарбойҷон, Нафтчиён, ба номи Рашид Бейбутов, Истиқлолият; майдонҳои марказии Азалдӣ, Ознефт, Фузулӣ, масҷидҳои Тоза-Пир (1914), масҷиди Имом Ҳусейн, Ҳоҷӣ Султонлӣ ҷой гирифтаанд.

Маориф ва фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Боку донишгоҳ (1919), 8 мактаби олӣ, Академияи илмҳо (1945), 32 Осорхона (аз ҷумла осорхонаҳои таърихи Озарбойҷон, санъат, осорхонаи қолинбофӣ), 8 театр, Сирк, Боғи ботаникӣ ва Боғи ҳайвонот мавҷуд аст.

Нигористон[вироиш | вироиши манбаъ]

Манзараи Боку

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 http://www.baku.azstat.org/section/demography/
  2. 2.0 2.1 2.2 http://www.baku.azstat.org/section/demography/001.xls
  3. Центр Миграционных Исследований(пайванди дастнорас — таърих). 17 марти 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2009.
  4. Свод статистических данных о населении Закавказского края, извлечённых из посемейных списков 1886 года, г. Тифлис, 1893
  5. Первая всеобщая перепись населения Российской Империи 1897 г. — г. Баку.
  6. Всесоюзная перепись населения 1926 года. Национальный состав населения по регионам республик СССР
  7. (Russian) Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР
  8. (Russian) Всесоюзная перепись населения 1959 года. Городское и сельское население областей республик СССР (кроме РСФСР) по полу и национальности
  9. (Russian) Всесоюзная перепись населения 1970 года. Городское и сельское население областей республик СССР (кроме РСФСР) по полу и национальности
  10. (Russian) Всесоюзная перепись населения 1979 года. Городское и сельское население областей республик СССР (кроме РСФСР) по полу и национальности
  11. (Russian) Всесоюзная перепись населения 1989 года. Распределение городского и сельского населения областей республик СССР по полу и национальности
  12. (English) Ethnic composition of Azerbaijan 1999
  13. (English) Ethnic composition of Azerbaijan 2009

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]