Боғи ботаникии Помир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боғи ботаникии Помир ба номи А. В. Гурский — муассисаи илмиву таҷрибавӣ. Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар 5 км-ии шаҳри Хоруғ, дар доманаи қ-кӯҳи Шуғнон (дар баландии 2210–3800 м аз с. б.) ҷойгир шудааст.

Соли 1940 бо ташаббуси профессор А. В. Гурский бунёд ёфта, дертар (1968) номи ӯро гирифт. Масоҳ. – 624 га; аз он 80 га – замини обӣ. Вазифаи асосии Боғи ботаникии Помир таҳқиқи набототи кӯҳсор, ба шароити маҳал мутобиқ гардонидани рустаниҳо, парвариши набототи гуногуни маҳаллӣ ва рустаниҳое, ки аз диг. кишварҳо оварда шудаанд, истифодаи рустаниҳо барои сабзкорӣ, ҷангалдорӣ, кишоварзӣ ва тиб мебошад. Дар боғ зиёда аз 4000 намуд дарахту бутта (тӯс, сафедор, заранг, булут, бед, ақоқиё, арча, шумтол, ёс ва ғайра), 200 намуди рустаниҳои ороишӣ (кавкаб, ёқут, қашқарӣ, оташгул, аббосӣ, садбарг ва ғайра) гирд оварда шудаанд. Ба Боғи ботаникии Помир аз минтақаҳои гуногуни дунё соле зиёда аз 500 намунаи тухмӣ меоранд. Натиҷаи пажӯҳиши кормандони Боғи ботаникии Помир дар ҷараёни сарсабзу кабудизор гардондани шаҳру навоҳии ВМКБ татбиқ мегардад. Бо ин мақсад ходимони Боғи ботаникии Помир ҳар сол барои вилоят зиёда аз 2000 ниҳоли дарахту буттаи ороишӣ ва 30000 кӯчати гулҳои гуногун тайёр мекунанд. Ҳудуди Боғи ботаникии Помир аз қисматҳои зерин иборат аст:

  1. набототи асосӣ;
  2. боғи мева;
  3. боғи дарахту буттаҳои ороишӣ;
  4. шуъбаи баландкӯҳ;
  5. мамнӯъгоҳ.

Дар Боғи ботаникии Помир, ҳамчунин, ниҳолхонаҳо, қитъаҳои таҷрибавӣ (рустаниҳои хӯроки чорво, доруӣ, камёбу нодир, гулу гиёҳҳои ороишӣ) ва гулзорҳо мавҷуданд. Дар Б. б. П. осорхонаи «Табиати Помир» ташкил ёфтааст, ки дорои зиёда аз 800 нигора буда, дар бораи ҷуғрофия, геология, хок, олами набототу ҳайвоноти ин мавзеъ маълумот медиҳад. Бо 70 муассисаи илмии ИДМ ва 50 муассисаи илмии 40 давлати хориҷии дур робита дорад. Ба Боғи ботаникии Помир ҳар сол аз кишварҳои хориҷӣ садҳо нафар сайёҳон меоянд.

Инчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Баранов П. А. (ва диг.), Земледелие и сельскохозяйственные культуры ГБАО. Д., 1964;
  • Растительность и растениеводческое освоение Памира. Т. 1, Д., 1967;
  • Природные условия и реконструк- ция растительности Памира. Д., 1970;
  • Интродукция растений в Памирском ботаническом саду. Д., 1972; Юсуфбеков Х. Ю. (ва диг.),
  • Методы возделывания полезных растений. Д., 1972;
  • Остапович Л. Ф. Цветочно-декоративные растения в западных районах ГБАО Тадж. ССР. Д., 1972; Памир. Д., 1973;
  • Агаханянц О. Е., Юсуфбеков Х.Ю. Растительность Западного Памира и опыт её реконструкции. Д., 1975;
  • Проблемы биологии и сельского хозяйства Памира. Д., 1975;
  • Интродукция растений и ботанические исследования в Горном Бадахшане. Д., 1985.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • [1](пайванди дастнорас)