Виннитса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Виннитса
укр. Вінниця
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Serhiy Morhunov[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1363
Аввалин номбарӣ 1355
Масоҳат
  • 113,2 км²[1]
Баландии марказ 248 м
Минтақаи замонӣ UTC+02:00 ва UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0432
Нишонаи почта 21001–21499
vmr.gov.ua(укр.)
vmr.gov.ua/en(англ.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Виннитса (укр. Ві́нниця) — шаҳр, маркази маъмурии вилояти Виннитса (аз соли 1931), маркази иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар қисми Ғарби Ҷумҳурии Укройн. Дар соҳили рӯди Буги Ҷанубӣ, дар ҳамвории байни пастии Приднепровск ва Подолск воқеъ аст. Масоҳат — 113,2 км². Аҳолӣ — 372 432 (2015)

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз асри 10 дар ҳудуди В. бошишгоҳҳои қабилаҳои славянии тиверсҳо ва уличҳо зиндагӣ мекарданд. Аз соли 1363 ҳамчун қалъаи Литва маълум аст. Соли 1558 дар он қалъаи нав сохта шуд. Аз соли 1569 дар ҳайати Полша. Аз соли 1793 дар ҳайати Русия (аз соли 1795 — шаҳр). Иқтисодиёти шаҳр аз соли 1881 баъди аз ҳудуди он гузаронидани хатти р. о. рӯ ба тараққӣ ниҳод. Аз соли 1914 маркази губернияи Подолск. Аз соли 1918 дар ҳайати ҶШС Укройн.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Винитса саноати мошинасозӣ, кимиё ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Бузургтарин фабрикаи харитасозии Укройн дар В. воқеъ аст.

Фарҳангу маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ёдгориҳои таърихию меъморӣ маҷмӯаи таърихию меъмории «Мурҳо» бо дайри иезуитҳо (аввали асри 17), дайрҳои доминиканҳо, капутсинҳо, калисоҳои чӯбини православии Юрев, Николаев, калисои ҷомеи Приобреженский (асри 18) боқӣ мондаанд. Донишгоҳҳои техникӣ, педагогӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, осорхонаҳои кишваршиносӣ ва адабии хотираи М. М. Катсюбинский, театрҳои мусиқию драмаӣ, лухтак, филармония дорад. Дар наздикии Виниитса осорхонаи Н. И. Пирогов мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]