Владимир Бехтерев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Владимир Бехтерев
Бехтерев, Владимир Михайлович
Таърихи таваллуд 20 январ (1 феврал) 1857[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 декабр 1927(1927-12-24)[2][3] (70 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ равонпизишкӣ ва асабшиносӣ[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Вундт, Вилҳелм
Шогирдон Karapet Agadżanian[d] ва Kolotinskiy, Sergey Diomidovich[d]
Ҷоизаҳо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Владимир Михайлович Бехтерев (1.2.1857, деҳаи Соралии губ. Вятка — 24.12.1927, Маскав) — невропатолог, равонпизишк, равоншинос, физиолог ва морфологи шӯравӣ.

Академияи тиббии ҷарроҳиро хатм кардааст (1878). Аз соли 1885 мудири кафедраи равонпизишкии Университети Қазон буд. Бехтерев бори аввал дар ҳамин донишгоҳ лабораторияи псиҳофизиологӣ ташкил кард, маҷ."Неврологический вестник" ва Ҷамъияти қазонии асабшинос ва равонпизишконро таъсис намуд. Аз соли 1893 профессори Академияи ҳарбӣ-тиббии Петербург, профессори Институти тиббии занона (1897), директори Институти психоневрология (1908) буд. Аз соли 1918 ба Институти омӯзиши мағзи сар (ҳоло Институти давлатии рефлексологии ба номи В. М. Бехтерев оид ба омӯзиши мағзи сар) роҳбарӣ кардааст. Асарҳои Бехтерев ба асосҳои тарбия ва рафъи инҳироф дар рафтори одам бахшида шудаанд. Бехтерев бемориҳои шахшавии сутунмуҳра (бемории Бехтерев), атаксия (ҳаракати берабт)-и шадиди майначавии майзадагон ва ғ-ро муайян кардааст. Барои муолиҷаи бемориҳои асаб ва рӯҳӣ "микстураи Бехтерев "-ро ҳосил карда, бо меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ табобат кардани ин касалиҳоро низ таъкид намудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Основы учения о функциях мозга. СПб., 1903-07;
  • Психика и жизнь. СПб., 1904.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]