Г

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳарфи сирилики Г
Гг
Џ А Б В Г Д Е Ж З
Я а б в г д е ж з

Хусусиятҳо

Ном

ГCYRILLIC CAPITAL LETTER GHE
гCYRILLIC SMALL LETTER GHE

Юникод

Г: U+413
г: U+433

HTML-код

ГГ ё Г
гг ё г

UTF-16

Г: 0x413
г: 0x433

URL-код

Г: %D0%93
г: %D0%B3

Буква г:
прямой шрифт, болгарица, русский курсив, сербский курсив

Г, г (ном: гэ) — ҳарфи чаҳоруми алифбои кириллии забони тоҷи­кист.

Овозе, ки ин ҳарфро ифода меку­над, ҳамсадои шав­шувдо­ри ғайридимоғии пасизабониву па­сикомии устувори ҷа­ранг­дор аст. Шакли чопиаш Гг, даст­нависаш Гг мебошад. То со­ли 1929 дар забони тоҷикӣ аз алифбои арабӣ истифода ме­шуд. Дар ин алифбо ҳарфи Г-овози (ге) вуҷуд надошт. Забоншиносон барои ифодаи ово­зи ге-и забони форсии тоҷикӣ ба алифбои арабӣ ҳар­феро бо номи «гоф» ҳам­мо­нан­ди ҳарфи «коф» ихтироъ кар­да, ба алифбои ара­бӣ илова намуданд. Шакли навишти «гоф» чунин аст. گ (Ба ҳарфи «коф» — навишташ — ک як хатча илова шудааст). Аз соли 1929 то сентябри 1940 дар забони тоҷикӣ аз алифбои лотинӣ исти­фода ме­шуд. Дар ин алифбо шакли чопии Г — G g, дастнависаш G g буд.

Фонемаи Г. дар забонҳои бостонии эронӣ — форсии бос­тон — Гармопада (номи моҳ), гарма — гарм; авестоӣ — гав — гов, Гава — номи кишвари Суғд, гайа — зиндагӣ, заири гао­на — заргун; форсии миёна — гривбан — гиребон; нигаҳ — ни­гоҳ вомехӯрад. Шаклҳои гуногуни табдили Г. дар за­бон­ҳои эронии қадим — ифодааш бо овоз (ҳарф)-и «в» — ви­наҳ ‒ гуноҳ, вараз — гуроз, врка — гург, бо овози «к» — ҳа­ка­рам — агар, сака — саг, варека — барг, врд — гул во­ме­хӯ­рад. Шаклҳои дигари бадалшавии Г. ба «ҷ» — геҳон — ҷа­ҳон, гав­ҳар — ҷавҳар, гавз — ҷавз, лагом — лаҷом, наргис — нарҷис, Гур­гон — Ҷурҷон, Буругирд — Буруҷирд; ба «в» — Гуштосп — Виштосп; ба «д» — авранг — авранд, куланг — ку­ланд; ба «й» — ҳумогун — ҳумоюн, Раг — Рай; ба «ғ» — гулӯла — ғулӯла, зу­гол — зуғол ва ғ. низ дар забон мушоҳида мешаванд.

Дар алифбои русии кириллӣ ифодаи рақамии Г. ба ада­ди 3, дар алифбои глаголӣ ба адади 4 баробар аст.

Ба ҷойи шумораҳои миқдории 4 (чор) баъзан ҳарфи Г.-ро мегузоранд: фасли г, синфи ҳафтуми «г» ва ғ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1978;
  • Русский язык. Энциклопедия. М., 1979;
  • Русская грамматика. Т. 1. М., 1982;
  • Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. В четырех томах. М., 1987;
  • Collins English Dictionary. 8th Edition first pullished in 2006. Harper Collins Pullishers 2006;
  • دهخدا. لغتنامه. گونه الکترونی

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]