Гаҳвора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гаҳвораҳои косибони Истравшан, 2011

Гаҳвора, маҳд — ҷойхоби махсуси кӯдак, ки дар он тифлро баъди 7-10-рӯзагӣ баста, барои хобондан меҷунбонанд.

Ҳунармандон гаҳвораро аз чӯби бед, чормағз, зардолу ва пояашро бештар аз чӯби тут месозанд. Маъмулан, дарозии гаҳвора 1-1,5 м, бараш 35-45 см ва баландиаш зиёда аз 50-60 см мешавад. Асосан гаҳвора аз даста ва тахтчӯба иборат буда, поинтари тахтчӯбаро барои тубак (сиба) сӯрох мекунанд. Даставу тахтчӯба аз ду тараф бо чанбарҳои нимдоира васл мешаванд. Барои муҳофизати сар ва пойи кӯдак ба дохили чанбар ба тарзи амудӣ чӯбакҳо мегузоранд. Даставу чанбарҳо ва қасқони гаҳвораро наққошиву кандакорӣ мекунанд. Ҳамчунин барои бозии кӯдак дар ҷо-ҷойи даста ғилдаракчаҳои кунгурадори чӯбӣ ва ҳар гуна марҷону зангӯлаҳо меовезанд. Дар тахтчӯбаи гаҳвора халта ё кӯрпачаи махсуси аз арзан ё пӯсти нахӯд пуршударо меандозанд. Сипас ба болои он кӯрпачаи тунуки пахтагӣ ё рӯйҷо паҳн мекунанд. Зери сари кӯдак болиштча гузошта, барои пешгирӣ кардани нақси устухони косаи сар тагсариро андаке чуқурак мекунанд. Дасту пойи кӯдакро бо дастпечаку пойпечак печонида, тавассути дастбандак, ки ба чӯби дарози дар байни пояҳо гузошташуда пайванданд, ба воситаи бандҳои пашмӣ ё ресмонӣ ба дастаи гаҳвора мебанданд. Болои гаҳвораро бо гаҳворапӯш, ки шакли махсус дошта, аз қисматҳои болоиву поинӣ иборат аст, мепӯшонанд. Гаҳворапӯшро дар сари гаҳвора қуббаҳо нигоҳ медоранд. Тахтчӯбаи гаҳвораи водӣ нисбатан амиқтар ва пояҳояш мудаввар, вале гаҳвораи мардуми кӯҳистон сатҳӣ буда, пояҳои кунҷ доранд. Гаҳвора аз қадимулайём дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Миёна, Ҳиндустон маъмул аст. Ҳоло шакли нави гаҳвораи бо пойҳои ғилдиракдор ихтироъ шудааст, ки ба алвончак шабоҳат дорад. гаҳвораи мазкур бо такон муддате алвонҷ хӯрда, кори модарро то андозае осон мегардонад. Дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон навъҳои гуногуни гаҳвора ба фурӯш бароварда мешаванд, ки маҳсули дасти устоҳои чирадаст мебошанд. Устоҳои гаҳворасоз қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фаъолият доранд.

Гаҳвораи миллатҳои гуногун[вироиш | вироиши манбаъ]

Итолиё, асри XV
Ҳуланд, асри XVII
Ҳуланд, асри XVII
Ҳуланд, асри XVIII
Русия, асри XVIII
Русия, асри XVIII
Русия, асри XIX
Русия, асри XIX
Русия, асри XIX
Русия, асри XIX
Русия, асри XIX
Укроин, асри XIX
Донморк, асри XX

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]