Гирдбод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гирдбод, тундбоди атмосферӣ — ҳаракати шадиди пурпечутоби ҳаво.

Гирдбод дар абрҳои раъдубарқӣ пайдо шуда, дар шакли остин ё хартум ба сӯи хушкӣ ё баҳр ҳаракат мекунад. Гирдбоди болои хушкиро баъзан тромб ва дар ИМА торнадо меноманд. Қисми болоии гирдбод ба даҳанаи қиф монанд буда, то ба абрҳо рафта мерасад. Ҳангоми ба сатҳи Замин ё баҳр расидан қисми поёни гирдбод шакли қифи чаппаро мегирад. Гирдбод аз 800—1500 м баланд мешавад. Ҳангоми гирдбод ҳаво, маъмулан, ба муқобили самти ақрабаки соат чарх зада, ба таври спиралӣ боло меравад ва чанг ё обро ба худ мекашад; суръати чархзании он даҳҳо м⁄с мебошад. Вале дар табиат гирдбодҳои ба самти ҳаракати ақрабаки соат чархзананда низ мушоҳида гардидаанд. Азбаски дар дохили гирдбод фишор паст мешавад, дар он ҷо конденсатсияи буғи об ба амал меояд; ин ҳолат якҷо бо қисми ба дохили гирдбод кашидашудаи абр, чанг, об ва ҷисмҳои дигар гирдбодро аён мегардонад. Вобаста ба шароите, ки гирдбод дар он ташаккул ёфтааст ё кадом ҷисмҳоро ба худ кашидааст, гирдбод тобишҳои гуногун (хокистарӣ, сафедтоб, зардча, кабудтоб ва ғ.) медиҳад. Гирдбод маъмулан, дар қисми гарми сиклон, бештар дар пеши фронти сарди он пайдо шуда, бо самти сиклон бо суръати 80-20 м/с ҳаракат мекунад. Дар тӯли мавҷудият гирдбод масофаи 40-60 км-ро тай менамояд. Пайдоиши гирдбод ба ноустувории шадиди стратификатсияи атмосферӣ вобаста аст. Якҷо бо гирдбод раъду барқ ба амал омада, борону жола меборад. Гирдбод баробари ба сатҳи Замин расидан тамоми ҷисмҳои дар роҳаш буда (чанг, хок, лой, оташ, санг ва ғ.)-ро кашида, боло мебардорад ва бо худ ба масофаҳои дур таҳвил мекунад. Гирдбод тозиёнашакл, паҳн (қутри он баъзан аз дарозиаш зиёд аст), маҷмӯӣ (иборат аз 2 ё бештар тромбҳои алоҳида), оташбар, обӣ, хокӣ (лойӣ), барфӣ, регдор мешавад. Гирдбоди калонтарин 31 майи 2013 дар иёлати Оклахомаи ИМА мушоҳида гардидааст. Суръати он ба 485 км/ соат ва қутри қифаш ба 4,2 км баробар буд. Гирдбод офати табииест, ки ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар баҳр зарари калон расонида метавонад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]