Гулаҳмад Раҳмихудоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳмихудоев Гулаҳмад
Таърихи таваллуд 28 феврал 1945(1945-02-28) (79 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Роштқалъа, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Гулаҳмад Раҳмихудоев — биологи тоҷик, доктори илмҳои биология (2007), профессор.[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулаҳмад Раҳмихудоев соли 1961 мактаби миёнаи деҳаи Тусёни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшонро хатм карда, солҳои 1961-1963 дар курси омодасозии омӯзгорони забони русӣ таҳсилашро идома додааст. Соли 1971 факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва биохимияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба кор меояд. Бо ҳамин ихтисос солҳои 1972-1976 аспиранти Академияи илмҳои Тоҷикстон мешавад. То соли 1980 ба ҳайси ходими илмӣ дар Институти физиология ва биофизикаи он ба тадқиқот шуғл меварзад. Соли 1976 бо роҳбарии акдемик Юсуф Носиров рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд ва солҳои 1981-1985 чун муаллими фанни биохимия дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 1985 то имрӯз аввал дотсент, баъдан – профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур аст. Дар ин миён дар Академияи кишоварзии ба номи К. Тимирязеви шаҳри Москва бозомӯзӣ намуда, солҳои 1992 – 1994 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба тадриси илмҳои табиӣ машғул будааст.[2] Ӯ солҳои охир дар кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи бештар аз 200 – мақолаи илмӣ, 4 – китоби таълимӣ, 3 – монография, 10 – дастури таъ¬лимӣ, 12 – дастурамалҳои услубию таълимӣ, 3 – брошюраҳои илмӣ-оммавӣ, 8 – тавсияномаҳо оид ба парвариши зироати марҷумак ва зафарон барои хоҷагиҳои фермерӣ-деҳқонӣ мебошад, ки қисми зиёди онҳо ба таҳқиқи яке аз шохаҳои навтарини илми табиатшиносӣ – биотехнология ва истифодаи он дар кишоварзӣ. Гулаҳмад Раҳмихудоев аслан ду рисолаи пураҳамияти докторӣ таълиф намудааст. Яке дар соҳаи биохимия ва дувум дар соҳаи кишоварзӣ. Доктор Гулаҳмад Раҳмихудоев дар ҳамдастӣ бо олимони барҷастаи соҳаи табиатшиносӣ Юсуф Носиров ва К. Алиев корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, барои донишҷӯён ва пажӯҳишгарон дастурномаҳои таълимии зиёде таълиф намудааст. Вале муҳимтарин корҳои тадқиқотии ӯ «Технологияи парвариши зироати марҷумак (гречиха) дар Тоҷикистон» ва «Парвариши заъфарон дар Тоҷикистон» мебошанд, ки бо онҳо ӯ ба сафи олимони навовар дохил шудааст.

Парвариши зироати марҷумак ва заъфарон дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Марҷу ё марҷумак, ки бо номи русиаш – гречиха дар байни мардум маъмул аст, то бист соли пеш дар Тоҷикистон кишт намешуд. Сабабаш он буд, ки зироати мазкур дар ҳудуди Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт ва деҳқонон фикр мекарданд, ки он дар шароити кишварҳои Осиё ҳосил намедиҳад.

Доктор Гулаҳмад Раҳмихудоев ба тадқиқи ин рустанӣ машғул шуда, дар муддати кӯтоҳ исбот кард, ки марҷу на танҳо ҳосили хуб медиҳад, балки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар чун хӯроки серғизо ва осонкишт мусоидат мекунад. Заъфарон низ рустаниест нодиру шифобахш. Дар ҷаҳон ду навъ тилои маҷозӣ маъруф аст: «тилои сафед» - пахта ва «тилои сиёҳ» - нафт. Пас аз омӯхтани хосияти заъфарон ва таҷриба кардани он дар тиббу истеҳсолот доктор Раҳмихудоев ба хулосае омад, ки ин гиёҳ барои барқарор намудани саломатии инсон хеле василаи муҳим аст. Он ба дараҷае арзиш дорад, ки чун «шоҳи доруҳо»-яш эътироф намудаанд ва «тилои сурх» ном ниҳоданд. Дар Тоҷикистон то соли 2007, яъне то кишт шуданаш дар замини таҷрибаваии Донишгоҳи давлатии кишоварзӣ аз ҷониби Гулаҳмад Раҳмихудоев ва ҳамкорони ӯ, кишти ин зироат маъмул набуд. Дар бозори ҷаҳонӣ заъфарон қимати ниҳоят баланд дошта, хосиятҳои аҷиби техникӣ ва табобатӣ дорад.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]