Деҳқонобод (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Деҳқонобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1359 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Деҳқонобод — деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор. Аз Деҳқонобод то маркази ноҳия 1 км. Аҳолиаш — 1578 нафар (2022[1]; 1359 нафар — 2017)[2], тоҷикон.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз маркази Деҳқонобод роҳи калони мошингарди Ҳисор-Душанбе мегузарад. Канали калони Ҳисор Деҳқонободро аз деҳаи Хоҷамӯсо ва шаҳри Ҳисор ҷудо мекунад.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳқонобод 1208 хоҷагӣ ва 1265 нафар аҳолӣ дорад, ки қисме солҳои 30-юм аз Фарғона муҳоҷир шуда омадаанд. Мардум асосан ба сабзавоткориву савдогарӣ машғуланд. Барои зироаткорӣ аз оби дарё Чангоб истифода мебаранд, оби нӯшокӣ ба воситаи насоси обкашӣ таъмин карда мешавад.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Деҳқонобод як маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ, ду масҷиди панҷвақта амал мекунанд, маркази хидматрасонии техникии худравҳо ва нуқтаи фурӯши газ мавҷуд аст, хоҷагии деҳқонии «Азиз-94» фаъолият мекунад[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод – hisor.tj (tj). 15 октябри 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 237