Ибораҳои ҷонишинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ибораҳои ҷонишиниро асосан ҷонишинҳои шахсӣ, таьинӣ,саволӣ, ва баьзан ишоратӣ ташкил медиҳанд.Ба вазифаи ҷузьи тобеъ исм ,сифат, сифати феьлӣ меоянд: мани ҳайрон, вайи хушбахт, шумои ҷавон, ҳар чизи ширин, ҳеч чизи дунё, ин ҳама, баьзе аз шоирон, кадоме аз донишҷӯен. Ибораҳои ҷонишинӣ нисбатан каммаҳсуланд,чунки дар ташкили ҷузьи асосӣ на ҳамаи хелҳои ҷонишин иштирок карда метавонанд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1989. - 224с.