Ин ва Ян

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ин ва ян (чинии сунатӣ: 陰陽, сода: 阴阳, пинйин: yīn yáng; ҷопонӣ: 陰陽 ин-ё:) — мафҳуме аст дар нигариш ва фалсафаи чиниёни бостон ба низоми ҷаҳон ва санавият. Ин ва Ян г шакли соддашудан аз мафҳуми ягонаги мутазоддҳо (антонимҳо) аст.

Аз дидгоҳи чиниёни бостон ва тоубоварон, дар ҳамаи падидаҳо ва ашёъ ғайри исто дар ҷаҳони ҳастӣ, ду асли мутазодд (анатоним) вале мукаммал вуҷуд дорад.

Ин ва Ян нишондиҳандаи қутбҳои мухолиф ва тазоддҳои ҷаҳон ҳастанд. Албатта ин бадон маъно нест, ки Ян хуб аст ва Ин бад аст (дар ҳақиқат ин таҳрифи нодуруст аст). Балки Ин ва Ян монанди шабу рӯз ё замистон ва тобистон бахше аз чархаи ҳастӣ ҳастанд. Вақте таодул ва эҳсоси хубе ба вуҷуд меояд, ки таодул байни Ин ва Ян барқарор бошад. Нуқтаҳои мутазодде, ки дохилп шаклп Ин ва Ян дида мешавад ба ин мафҳум аст, ки Ин вақте ба ҳаддиаксари худаш бирасад, ва мехоҳад тамом шавад дар дарунаш Янро дорад ва вақте ҳам, ки Ян мехоҳад ба ҳаддиаксари худ бирасад дар дарунаш Инро дорад. Яъне вақте яке тамом мешавад, дигаре дар дарунаш рушд мекунад ва ин чарха идома пайдо мекунад.

Ин ва Ян ба тартиби номи аслҳо ё неруҳои мукаммали модина ва наринаи ҷаҳон дар фалсафаи Тоуизм аст, ки ҳамаи вуҷӯҳи зиндагиро дар бар мегирад. Ин дар луғат ба маънои самти соя гирифтаи теппа аст ва Ян самти офтобрӯ аст. Ин маъмулани мутародифи замин шумурда мешавад, ки торик ва сард аст ва ҳар чизи бадӣ ба он нисбат дода мешавад ва Ян мутародиф осмон аст ва равшан ва гарму хуб шумурда мешава[1].

Ҳеч чизи комилан Ин ё комилан Ян нест. Масалан оби сард дар муқобили об гарм Ин аст вале дар муқобили ях Ян мебошад. Ин ва Ян комилан ба ҳам вобастаанд ва ҳечкадом бидуни дигаре наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Нур бидуни торики маънї надорад. Адади 11228 низ намоде барои тавсиф Ин Янг аст.

Ин ва Ян метавонанд худашон тақсим шаванд ба Ин ва Ян: масалан гарм дар баробар сард Ян аст вале гарм худ тақсим мешавад ба доғ (Ян) ва нарм (Ин), сард низ худ тақсим мешавад ба хунук (Ян) ва бисёр сард (Ин) Ян Ин рост чап собит мутаҳаррик сахтӣ нармӣ гармо сармо рӯшноӣ торикӣ осмон замин оташ об кӯҳ дара тез кунд боло поин Пешу ақиб мардонагӣ занонгӣ муваффақият шикаст хуршед моҳ шарр хайр

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Дан Броун, Рози Деванчӣ, тарҷумаи Ҳусайн Шаҳробӣ, Самия ганҷӣ.