Инсонгароӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Инсондӯстӣ)

Инсонгароӣ инсондӯстӣ, башардӯстӣ, ё ҳумани́зм (аз лот. humanitas — «инсоният», humanus — «инсонӣ», homo — «инсон») — низоми мақсадгузориҳои шахс нисбат ба объектҳои иҷтимоӣ (одам, гурӯҳ, мавҷудоти зинда), ки ба меъёру арзишҳои маънавӣ марбут буда, дар фаъолият, муошират, ҳамкорию ҳамҳиссӣ намудан ва ёрӣ расондан зоҳир мегардад.

Инсондӯстӣ чун мақсадгузории иҷтимоӣ ҷанбаҳои маърифатӣ, эҳсосӣ (эмотсионалӣ) ва рафториро дар бар мегирад ва дар таҳлили доираи васеи масъалаҳои марбут ба азхуднамоии меъёрҳои ахлоқӣ, эмпатия ва ғайра ҷалб мегардад. Инсондӯстиии инкишофёфтаи шахс дар гурӯҳҳои дараҷаи тараққиёташон баланд ба назар мерасад.

Ташаккули инсондӯстӣ дар онтогенез ба инкишофи худшиносии кӯдак дар ҷудо намудани «ман»-и худ аз дигарон марбут аст. Пажӯҳишҳо муайян намудаанд, ки дар ташаккули инсондӯстии кӯдак фаъолияти якҷояи ӯ аввал бо калонсолон ва сипас бо ҳамсолон мавқеи ҳалкунанда дорад. Фаъолияти якҷоя ягонагии фазои таассуроти эҳсосиро ба вуҷуд меоварад, иваз намудани мавқеъҳо дар раванди бозӣ ва муошират бошад, дар кӯдак муносибати башардӯстонаро нисбати дигарон ташаккул медиҳад. Омӯзиши қонуниятҳои ташаккулу инкишофи инсондӯстӣ ва механизмҳои амалнамоии он вазифаи аввалиндараҷаи тарбияи маънавии шахс, ташаккули шахсияти комил мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]


Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]