Карл Фридрих Гелднер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карл Фридрих Гелднер
олмонӣ: Karl Friedrich Geldner
Таърихи таваллуд 17 декабр 1852(1852-12-17)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 феврал 1929(1929-02-05)[1][2][3] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер

Карл Фридрих Гелднер (олмонӣ: Karl Friedrich Geldner; 17 декабри 1852, Залфилди Туринген — 5 феврали 1929, Марбург) — забоншинос, шарқшиноси олмонӣ, коршиноси забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоӣ ва диншиносӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Донишгоҳи Лейпсиг забонҳои санскрит ва авестоиро омӯхт. Дар Донишгоҳи Тубинген соли 1875 соҳиби дараҷаи доктор ва профессор гардид. Аз Тубинген ба Копенҳаген сафар карда, ба омӯзиши дастхатҳои Авесто машғул шуд. Асари нахустини Карл Фридрих Гелднер «Оид ба вазни шеърии Авестои нав» («Über die metric des Jüngeren Avesta») мебошад, ки соли 1877 дар Тубинген ба табъ расид. Баъдан мақолаҳову рисолаҳои дигараш оид ба Авесто «Баррасиҳо дар бораи Авесто» «Studien zum Avesta», Лондон — Штрассбург, 1882 ва яштҳо (тарҷумаи се яшт ва тафсири онҳо. Аз ҷумлаи корҳои Карл Фридрих Гелднер дар бораи Авесто мақолаи ӯ дар бораи ин асар дар «Асосҳои филологияи эронӣ» («Grundriss der Iranischen Philologie II Band». Штрассбург, 1896—1904, сафҳаҳои 1-53) ва таҳияи матни интиқодии Авесто (Avesta die heiligen Bücher der Parsen… III Bande. Штуттгарт, 1886—1895) мебошад. Бояд гуфт, ки ин корҳои Карл Фридрих Гелднер имрӯз ҳам (оғози садаи 21) аҳаммияти худро гум накардаанд ва мавриди истифодаи пажӯҳишгарон қарор доранд.

Карл Фридрих Гелднер яке аз нахустин пажӯҳишгарон аст, ки пиромуни пораҳои манзум дар Авесто ва ба вазни ҳиҷоии 8, 10, 12- ҳиҷоӣ суруда шудани онҳо андешаҳо иброз доштааст.

Самти дигари пажӯҳиши Карл Фридрих Гелднер ҳиндшиносӣ, омӯзиши осори санскрит, махсусан Ригведа мебошад. Дар оғоз вай баргузидаҳоро аз ин асар дар тарҷума ба олмонӣ ва тафсир ба табъ расонд. Тарҷума ба олмонӣ ва шарҳи комили «Ригведа», ки Карл Фридрих Гелднер анҷом дод, соли 1951 чоп шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Shlerath, Bemfried. Geldner Karl Friedrich. Encycjopaedia Jranica. 10.4, Costa Mesa Mazda, 2001;
  • نصرالله نیکبین. فرهنگ جامع خاورشناسان و مسافران به مشرق زمین. جلد دوم، تهران،، 1380 ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]