Лоиқ Шералӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Таърихи таваллуд: 20 май 1941(1941-05-20)
Зодгоҳ: деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 30 июн 2000(2000-06-30) (59 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 1964—2000
Жанр: ғазал, лирика
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1978), Ҷоизаи байналхалқии «Нилуфар» (1999). Шоири халқии Тоҷикистон (1991).
 Парвандаҳо дар Викианбор

Лоиқ Шералӣ (20 майи 1941, Мазори Шариф, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 30 июни 2000, Душанбе, Тоҷикистон) — шоири тоҷик, эроншинос, яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1978).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби деҳааш ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда онро хатм карда , баъд ба факултаи таъриху филологияи ( Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко) дохил мешавад, ва онро соли 1963 хатм мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам», бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист. Лоиқ Шералӣ солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст. 30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июли соли 2000 бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Мадфани шарифаш дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад. Чандин мактабу маҳаллаву муассиса номишарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд.[1] Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:

«

Дар рӯи замин намонд маъман,

Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.
Лоиқ
»

Ҷойгоҳ дар адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯнамои китоби Усмонҷон Ғаффоров. Лоиқ Шералӣ.

Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта, дар баробари навиштани очерку мақолаву эссеҳои проблемавии публитсистӣ ва тарҷумаи бадеӣ, пайваста ба таълифу чопи шеър иштиғол варзида таҳти сарпарастӣ ва ғамхориҳои падаронаи устодони шеъри муосири тоҷикӣ Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакар ба воя расидааст. Аввалин гулчини ашъораш «Сари сабз» соли 1966, бо таҳриру раҳнамойӣ ва фотаҳаи неки Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст, ки дар мактубаш унвонии нашриёти «Ирфон» овардааст: «Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯаи ашъораш пурмазмун аст». Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил (ба хати ниёкон, 1974), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Ҷоми саршор» (1991), «Ману дарё» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994), «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (Теҳрон, 1994), «Дасти дуои модар» (Исфаҳон, 1995), «Фарёди бефарёдрас» (1997, 2003), «Рӯҳи Рахш» (Теҳрон, 2000), «Куллиёт» (2001, 2008), «Ангораҳо» (2001), «Мунтахаби ашъор» (2004), «Девони дил» (2007), «Девони пирӣ» (2008), «Девони замон» (2011), «Саду як ғазал» (2013), «Илҳом аз «Шоҳнома» (2014) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд. Истеъдоди фитриву зотии устод Лоиқ аз шеъре ба шеъре, аз силсилае то силсилае, аз маҷмӯае то маҷмӯае сайқалу такмил ва ҷилои тоза пайдо карда, шеъри садаи бистуми тоҷикро гардишу тобиши наве бахшида, раҳнамойӣ, таъсирбахшӣ ва зимомдорӣ кардааст. Офаридаҳояш мамлуву маъҷуни беҳин дастовардаҳои адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, эҷодиёти ғановатманди шифоҳию гӯйишҳои сараи мардумӣ ва адабиёти пешқадами ҷаҳон буда, барои пайдоиш ва густариши сабки хосу мактаби қавии шоирии ӯ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Шеъри ҷаззоби ӯ шеъри ҳамзамони тоҷикро бо шеъри ноби ҳазорсола пайванди ҷовидона бахшид. Забони маснӯъ ва тарҷумазадаро аз маснади хеш фурӯ нишонда, забони бою пурғановат ва равону поки дариро ҷойгузинаш кард, сабки хуросонии Рӯдакию Фирдавсиро ҷилою тавонмандии дигаре бахшид. Рӯҳу ғурури шоистаи миллӣ ва эҳсоси волои ватанҳоҳию башардӯстии бузургони миллатро дар замону заминаи наве рангу ҷило ва парвози бештаре ато фармуд. Мақолаву гузоришоти ӯ дар боби таҷлилу тамҷиди Ватану забони модарӣ, посдошти таъриху фарҳанги миллӣ, манзалати волои шеъру шоирӣ, падидаҳои нодири адабӣ, истилоҳу вожасозии навин ва ғ. дар болобурди савияи худшиносии миллӣ ва рушду камоли забони модарӣ саҳми беназире гузоштаанд.

Намунаҳоеро аз ашъори беҳтарини А. С. Пушкин, Ҳ. Ҳайне, В. Ҳюго, И. В. Гёте, П.Неруда, В, Уитмен, С. Есенин, М. Светлов, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко, С. Капутикян, Э. Межелайтис, Қ. Қулиев, Й. Милев, Г. Птитсин ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст, ки аз зеботарину шевотарин намунаҳои тарҷумаи бадеӣ дар адабиётамон эътироф гардидаанд. Офаридаҳои ноби устод Лоиқ ба чандин забони мардуми оламу шӯравӣ, аз ҷумла, ба русӣ, дар маҷмӯаҳои «Улыбка зари» (1969), «Завещанная земля» (1972), «Струны дождя» (1978), «Встречаю солнце» (1984), «Чаша Хайяма» (1985), «Моленье о дожде» (1989), ба ӯзбекӣ дар гулчини «Муҳаббатим» (Тошканд, 1985) ва ғ. тарҷумаву чоп шудаанд.[1]Устоди асосии шоири зиндаёд Лоик Шерали дар шеър ин устоди бузурги шеъри СССР, устод Муъмин Каноат аст.Чаро аз нахустустодаш,ки устод Лоик сад маротиба дар телевизион баромад намуда гуфтааст ибо мекунед?Шоир Каноат хаммосасарои бузурги оламро чаро фаромуш мекунед!

Мукофот ва ҷоиза[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи чандин ордену медалу ифтихорномаҳо мебошад. Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.[1]

Порчаҳо аз эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Бузургии Лоиқ Шералӣ дар он аст, ки ашъори сурудааш ҳамагӣ ҳамнавои дили мардуми одӣ, таъсирбахш ва хеле зиёд ширину равонанд. Меҳри Лоиқ ва муҳаббат ба шеъри баландпояи ӯ кай ҳост, ки марзи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсигӯйро убур намуда, берунтару фарохтар доман афкандааст.

«
Пок дорем номи некаш дар ҳаёт,
Рӯҳи покаш кош нороҳат мабод.
Пок омад, пок рафту пок зист,
Сабзаи сабзи мазораш рамзи чист?...
»

Донандагони осори Лоиқ Шеръалӣ иҷмолан ӯро шоъири зан, замин ва зиндагӣ меноманд. Дар шеъри шӯравии Тоҷикистон беҳтарин тавсифи модару дилдор, сарзамину меҳан ва расотарин тасвиру таъбирҳо аз талхию ширинии рӯзгор дар девони Лоиқ нуҳуфтааст. Лоиқ мекӯшид на танҳо мазмуни офаридаҳояш мардумӣ бошад, балки тасвирҳое ҳам ки медод, аз дили одобу русуми мардумаш бархоста буд:

«
Ба ман ҳам орд пошидӣ, ба ман ҳам ними нон додӣ
Ва ними дигарашро доштӣ бо худ,
Ки чун баргардам аз хидмат, бихоҳам хурд.
Лоиқ
»

Расми модарони тоҷик аст, ки ба ҳангоми гусели фарзандашон ба хидмати сарбозӣ ба нишони бахти сапед бар шонаҳояш орд мепошанд ва нонеро, ки гоз зада, ҳифз мекунанд, бо ин ният, ки пас аз бозгашт мобақии нонро ҳам бихурад. Ишқи Лоиқ Шералӣ ба модараш мояи даҳҳо шеъри нағзи ӯ буда, ки баъдан дар маҷмӯъаи “Модарнома” гирди ҳам омад ва беандоза маҳбуб шуд. Овозхонони тоҷик бисёре аз ин ашъорро табдил ба суруду тарона кардаанд:

«
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Лоиқ
»

Дар давроне, ки сиёсатҳои ҳоким ҳувияти тоҷиконро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода буд, Лоиқ қаҳрамонони “Шоҳнома”-ро дар маҷмӯъае дигар бозофаринӣ кард. Кова аз марги ҳаждаҳ писараш менолид ва Таҳмина аз марги Суҳробаш чунин шеван мекард:


Таҳминаам, Таҳминаам,
Аз дарду ғам дунимаам.
Дар ҳасрати Суҳроби ял
Дурҷи ғамон шуд синаам...

Ашъори Лоиқ Шералӣ ойинаи тамомнамои мардуми давронаш буд ва дар солҳои поёнии умраш, ки бо туғёну ошӯбҳои пасошӯравӣ мусодиф шуд, саропо иҷтимоъию сиёсӣ шуда буд; мамлув аз ҳушдорҳову надоматҳо ва сарзанишҳову раҳнамунҳо ва ҳасрату андӯҳи орзуҳои бохта. Унвони вопасин маҷмӯъаи ашъори ӯ (“Фарёди бефарёдрас”) ҳокӣ аз бори андӯҳу навмедист, ки бар шонаҳои устод уфтода буд:

«
Мулк сангистону мо бесангарем,
Сар ба сар сардору мо бесарварем…
Лоиқ
»

Ҷанги дохилӣ мояи ранҷи фаровони Лоиқ буд, ки дар шеърҳояш бозтоб ёфтааст. Вай дар он рӯзҳо бо ишора ба нақши тоҷу ҳафт ситора бар парчами Тоҷикистон навишта буд:


Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам,
Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.
Якпорагишро ҳамекардам орзу, дареғ,
Бар пора-пора пайкари миллат гиристам...

Лоиқ Шеръалӣ бо гиряҳояш рафт. Чеҳраи шодаш пажмурда шуда буд. Лоиқи маҳфилоро дигар камтар дар маҳофил дида мешуд. Гӯӣ интизори фарҷомашро дошт, ки дар остонаи қарни бисту якум суруд:

«
Ало эй асри бисту як, аҷаб нест,
Ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ?
Лоиқ
»


Лоиқ Шералӣ дар давоми солҳои фаъолияти худ ин ғазали пурмазмуни худро нашр менамояд:

«
Дар зиндагиям маро гадо ҳам гуфтанд,
Бадмасту ҳарому бехудо ҳам гуфтанд.
Рӯзе, ки ба хоки сард дафнам карданд,
Гул монданду сад нолаҳо ҳам гуфтанд.
Лоиқ
»

Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност[вироиш | вироиши манбаъ]

«Агар мо ҳама медонистем, ки хоки аҷдоди мо — варорӯдиён ва эрониёни имрӯз аз як садсол аст, ба ҳарфи онҳое, ки Эрону Афғонистону Тоҷикистонро гоҳо мамолики ҳамҷавор мегӯянд, бовар намекардем ва мегуфтем, ки:

Эй кӯрони таърих, на! Моро ҳамҷавор гуфтан кам аст, мо ҳамтаборем, ҳамканорем, дар замин ҳамгоҳвораем, дар осмон ҳамситораем! Мо ҳамон Авасто, ҳамон Зардушт, ҳамон Эронвиҷ, ҳамон давлати Қуръон, ки Ҳофиз ҳар чи кард, аз он кард, ҳамон фарҳанги исломӣ, ҳамон «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, ки Қуръони паҳлавист, ҳамон Хуросони бузург ё Эрони бузург, ки бузургиямонро «бузургони» дигар чашми дидан надоштанд ва моро «хурд» карданд.

Боре ба кӯрону карони таърих бояд бо садои баланд гуфт, ки «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност»!»

(Лоиқ Шералӣ дар пешгуфтори китоби «Хуросон аст инҷо»-и Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 119 - 120 ISBN 978-99947-2-379-9