Луи Галле (рассом)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Луи Галле (рассом)
Суратҳо
Таърихи таваллуд 10 март 1810(1810-03-10)[1][2][3][…], 10 феврал 1810(1810-02-10)[4] ё 10 май 1810(1810-05-10)[5]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 20 ноябр 1887(1887-11-20)[7][8][2][…] (77 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра
 Парвандаҳо дар Викианбор

Луи Галле (фр. Louis Gallait; 9 ё 10 майи 1810, Турне, Эно — 20 ноябри 1887, Брюссел) — мусаввири белгиягӣ, яке аз асосгузорони санъати наққошии таърихии Белгия; намояндаи романтизм.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Академияи рассомии Турин (аз соли 1830) ва Антверпен (аз соли 1832) таҳсил кардааст. Солҳои 1834-40 дар Порис ва аз соли 1843 дар Брюссел кор кард. Дар осори ӯ саҳнаҳои таърихию жанрӣ ва саҳифаҳои таърихи кишвараш, рӯзгори шахсиятҳои маъруфи («Тассо дар зиндон») ва воқеияти замони худаш («Хонаводаи моҳигир», 1848 ва 1855) тасвир ёфтаанд. Тасвирҳои таърихии ӯ дар мавзӯи инқилоби буржуазии садаи XVI саршор аз драматизм ва шиддати мардонагиянд («Охирин дақиқаҳои граф Эгмонт», 1848; «Охирин арҷгузорӣ ба ҷасади графҳо Эгмонт ва Гор», 1851).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]