Мамадёрбек Маҳмадназарбеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мамадёрбек Маҳмадназарбеков
Мамадёрбек Маҳмадназарбеков
Таърихи таваллуд 23 январ 1931(1931-01-23)
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 13 январ 2014(2014-01-13) (82 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисоддон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1994)

Мамадёрбек Маҳмадназарбеков (23 январи 1931, деҳаи Поршневи, ноҳияи Шуғнон, ВМКБ — 13 январи 2014, Душанбе) — иқтисоддон, профессор (1986). Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мамадёрбек Маҳмадназарбеков Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) (1953) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС-ро (1962) хатм кардааст. Фаъолияташ пурра дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ҷараён гирифтааст, солҳои 1958—1973 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ, 1973—1994 мудири ҳамин кафедра, азсоли 1994 то поёни умр профессори кафедраи иқтисоди сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Перомуни истифодаи захираҳои моддию меҳнатӣ, фондҳои асосии корхонаҳо, роҳҳои баланд рафтани некуаҳволии мардуми деҳот, беҳбудии фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ, ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои он, дигар масоили иқтисодӣ зиёда аз дусад асару мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ навиштааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Истифодабарии захираҳои моддию меҳнатӣ ва болобарии некуаҳволии моддии колхозчиён. — Д., 1962;
  • Пасандозҳои сармоявӣ ва рушди фондҳои асосии колхозҳои Тоҷикистон. — Д., 1965;
  • Иқтисодиёти сотсиалистии корхонаҳои хоҷагии қишлоқ. — Д., 1966;
  • Имрўз ва фардои иқтисодиёти советӣ. — Д., 1966; В. И. Ленин — асосгузори иқтисоди сиёсии сотсиализм. — Д., 1969;
  • Андўхти маблағ ва тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон. — Д., 1971;
  • Экономическая оценка использования основных производственных фондов колхозов Таджикистана. — Д., 1971;
  • Баҳодиҳии иқтисодии истифодабарии фондҳои асосии колхозҳои Тоҷикистон. — Д., 1972;
  • Қонунҳои иқтисодӣ ва хоҷагидории сотсиалистӣ. — Д., 1972;
  • Иқтисоди сиёсӣ: Луғати тафсирии русӣ-тоҷикӣ. — Д., 1973 (ҳаммуаллиф);
  • Қонуни андўхти сотсиалистӣ. — Д., 1975;
  • Андӯхт дар сектори колхозию кооперативии иқтисодиёти сотсиалистӣ. — Д., 1978;
  • Таълимоти иқтисодии Карл Маркс. — Д., 1983.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 326—327.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Исломов С., Саидмуродов Л. Устод ва мураббӣ. — Д., 2001.