Мори печон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мори печон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Eryx
Мори печон

Мори Печон, мори ало (Eryx tataricus), як навъ морест безахр: Мушакҳои танаш хеле пурқувват, гавхараки чашмаш амуди. Ду шуш дорад (шуши росташ нисбатан дарозтар аст). Пулакчаҳои баданаш майда, хамвор. Думаш кӯтоҳ, нисбатан гафс. Дарозии баданаш то 90 см (одатан 60 – 70 см). Рангаш зарди буртоб ё сиёҳ, тахтапушт ва паҳлӯҳояш холл – хол. Асосан дар адирҳои водии Хисор, даштҳои болооби дарёи Зарафшон, водии Хисор, даштҳои болооби дарёи Зарафшон, водии дарёи Сир, регзорҳои поёноби дарёҳои Вахш, Панҷ, Кофарнихон маскун аст. Дар Бадахшон ва Помир нест. Мори печон бештар дар чойҳои камдолу дарахт зиндагӣ мекунад. Мори печон рӯзгард аст. Аз хоби зимистона моҳи март мехезад. То гармои тобистон тамоми рӯз фаъол буда, баъд факат шомгохон ё шаб мегардад. Мори тухмзиндазой аст. моҳи май чуфти мешавад. Июн – авали август модинааш то 12 морбача (дарозиаш 13 – 14 см) мезояд. Гизои морбачахо гамбусакҳо, малах ва дигар мавчудоти бемухра аст. Морҳои калон тавушкон, муши регзор, калтакалос ва баъзан паррандаҳои майдаро мехуранд. Мори печон хояндаю малаххоро хурда ба халқи кишвар фоида меорад. Зохиран курморро мемонад, бинобар ин мардуми тахчойи онро барои муоличаи касалихо медоранд, ки дар натича микдораш солҳои охир кам шудааст. Хусусияти доруияш номаълум. Ба «Китоби сурхи ҶШС Тоҷикистон» дохил карда шудааст.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]