Муллоҷон Фозилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муллоҷон Фозилов
Муллоҷон Фозилов
Таърихи таваллуд 1914(1914)
Таърихи даргузашт 1978(1978)
Ҷойҳои кор
Унвонҳои илмӣ олим
Алма-матер

Муллоҷон Фозилов — номзади илми филология (1951). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муллоҷон Фозилов Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намудааст (1941), ихтисос – «забоншиносӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забон ва адабиёти тоҷик, луғатшиносӣ, фразеология, паремиология. Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1950-1951). Директор (1951-1958), ходими калони илмии (1958-1977) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бо ордени Ҷанги ватанӣ, «Нишони Фахрӣ» тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.