Мунзим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (Мунзим) — адиб, муассиси аввалин мактаби форсии тоҷикӣ дар Бухоро ва ҳаракати ҷадидони Бухоро.

Мактабҳои усули нав[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (Мунзим) ва Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бухоро, дар гузари Дарвозаи Салоҳҳон, дар ҳавлии Мунзим, аввалин мактаби форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он 12 нафар талаба таҳсил мекард. Мунзим ва Айнӣ сараввал дар такмили маҳорати омӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории Бухоро такя намудаанд. Онҳо барои аз ҷиҳати модди таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сӯм ҳаққи таълим муайян намуда, фақирбачагонро бепул қабул кардаанд.

Мунзим барои шогирдони мактаби худ “Роҳбари хат” ном аввалин дастурамали дарсӣ тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи мактаби Мунзим маълум аст. Дар мактаби Мунзим ва Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ, с. 1909 бо ташаббуси ҳарду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С.Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ “Таҳзибуссибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр карда шуд.

Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси Мунзим, махсус барои калонсолони бухорои, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ӯ ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рӯз ду соат таълим медод. Гарчанде дар фаъолияти мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.[1]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.