Мутеулло Наҷмиддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мутеулло Наҷмиддинов
Таърихи таваллуд: 12 сентябр 1927(1927-09-12)
Зодгоҳ: деҳаи Варзики ноҳияи Чуст, вилояти Намангон
Таърихи даргузашт: 2 апрел 2002(2002-04-02) (74 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Навъи фаъолият: нависанда

Мутеулло Наҷмиддинов (12 сентябри 1927, деҳаи Варзики ноҳияи Чуст, вилояти Намангон — 2 апрели 2002, Душанбе, Тоҷикистон) — нависанда, адиби публисист ва рӯзноманигори барӯманди советии тоҷик. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1987).[1]. Аз соли 1968 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст[2]. Узви КПСС аз соли 1959.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи мударрис. Дар синни 7 — солагиаш аз навозиши падар маҳрум ёфт. Модараш Муслимабону ӯро ҳамроҳи бародараш Иммоддин танҳо ба воя расонд. Мутеулло, ки хонандаи пешқадами синфи нуҳум буд, бо маслиҳату дастгирии директори мактаби миёнаи деҳа Мирхолдор Халилов ба деҳаи Оғосарой рафта, муаллими фанни ҷуғрофия шудааст (1945). Солҳои охири ҷанг дар сохтмони ГЭС-и Фарҳод кор карда, роҳбарии бригадаи комсомолону ҷавононро ба уҳда дошт. Cоли 1948 бо мақсади таҳсил ба Душанбе омадааст. Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ле­нин, Душанбе (1949—1954) ва Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС-ро дар Москва тамом кард (1965). Ҳодими адабӣ ва мудири шуъбаи газетаи «Тоҷикистони Советӣ», муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» [1], мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон» ва дертар дар Сарредаксияи илмии ЭСТ (Душанбе) кор кард. Солҳои дар нашриёт кор карданаш пурсамар буданд. Китобҳои ӯ «Одамони сарбаланд», «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», «Суруди одамони наҷиб», «Меҳри замин», «Пайраҳаи шинос», «Одамон ва соҳилҳо», «Ширмоҳ» пайиҳам аз чоп баромадаанд, ки таҷассумгари созандагию ободкориянд[3][2]. Махсусан, қиссаҳои «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» ва «Ширмоҳ» аз ҷониби мунаққидону хонандагон баҳои баланд гирифтаанд ва дар тарҷумаи Лев Қандинов («Река ищет новое русло»)[3] дар Душанбею Маскав ба забони русӣ чоп шудаанд. Инчунин, асарҳои нависанда ба забонҳои руминӣ, украинӣ, эстонӣ, ӯзбекӣ, қазоқиву қирғизӣ ба табъ расидаанд [4].

Мутеулло Наҷмиддинов дар баробари қиссаю ҳикояҳои марғуб навиштан алалхусус дар рушди жанри очерк ҳиссаи арзанда дорад. Аз соли 1979 ҳодими редаксияи газетаи «Тоҷикистони Советӣ» [5]. Очеркҳои машҳури адиби публисист «Шаби чӯпони куҳансол», «Фарзанди охирин», «Подоши „мукофот“», «Азоби дурӯғ», «Марди неканҷом», «Бародарон» маҳз ҳамин солҳо интишор ёфтаанд ва номи Мутеулло Наҷмиддиновро чун рӯзноманигори хушсалиқаю ояндадор муаррифӣ намудаанд[4][6]. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба, чанд соли охир то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.

Чанде аз навиштаҳои К. Волф, С. Зарян, Ю. Ритхеу, Ш. Рашидов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[7] Pисолаҳои номзадӣ оид ба таҳқиқи публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов ҳимоя шудааст.[8][9]

Бо медали «Барои меҳнати шоён», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, Шӯрои Олии Ӯзбекистон, медали нуқраи НКХХ СССР мукофотонида шудааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Одамони сарбаланд: Ҳикоя ва очеркҳо. — Душанбе: Давтоҷик, 1963
  • Ғуломи сарбаланд: Очерк. — Душанбе: Ирфон, 1964
  • Қадри замин ва одам: Повест ва ҳикояҳо. — Душанбе: Ирфон, 1974 [10]
  • Одамон ва соҳилҳо: Повест ва очеркҳо. — Душанбе: Ирфон, 1979
  • Одамони замини барўманд: Очеркҳо ва ҳикояҳо. — Душанбе, 1982
  • Дарё маҷрои нав меҷўяд: Повест. — Душанбе: Маориф, 1984
  • Се повест. — Душанбе: Ирфон, 1986 [11]
  • Пайраҳаи шинос: Повест, ҳикоя ва очеркҳо. — Душанбе: Маориф, 1988
  • Раззоқи олам: Қиссаи саргузаштӣ ва очеркҳо. — Душанбе: Адиб, 1989 [12]
  • Дарё маҷрои нав меҷўяд. Душанбе, «ЭР-граф», 2018 [13]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Mедали «Барои меҳнати шоён»
  • Ифтихорномаи Шӯрои Олии Тоҷикистон
  • Ифтихорномаи Шӯрои Олии Ӯзбекистон
  • Mедали нуқраи НКХХ СССР

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Рахмонова, Джамила «Постановка проблемы в публицистике Мутеулло Наджмиддинова»[14]
  • «Азия-Плюс», «В Душанбе почтили память одного из лучших журналистов Таджикистана прошлого столетия Мутеулло Наджмиддинова», 12.09.2007 [15](пайванди дастнорас)
  • Равшан Махсумзод, «Вассофи мардони майдон», Душанбе, 11.02.2011 [16]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон [17]
  • АДАБИЁТИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ [18]
  • Келдӣ, Г. Мутеулло Наҷмиддинов // Адибони Тоҷикистон. — Душанбе, 2003. — С.360-361.
  • Муртазоев Б. Дар бораи одамият // Комсомоли Тоҷикистон. — 1963. — 29 декабр.
  • Маҷид САЛИМ. МУТЕУЛЛО НАҶМИДДИНОВ ВА ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИК, pӯзномаи Ҷумҳурият,14.09.27 [19]
  • Имодӣ, Ҳ. Ёде аз устод: Бахшида ба 90- солагии Мутеулло Наҷмиддинов // Адабиёт ва санъат. — 2017. — 24 август.
  • Раҳим И. Тарошаи эмон // Садои Шар. — 1968. — № 8. — С. 80-84.
  • Рауфов, Ф. Муҳандиси рўҳи инсон: Бахшида ба 90- солагии Мутеулло Наҷмиддинов // Тоҷикистон. — 2017. — 30 август.
  • Равшан Махсумзод [20]
  • Неъматҷон Файзуллоев [21]
  • Саидаҳмади Ҳасан. Ман ҳанӯз ҳам бо китобҳои дар бачагӣ хондаам гуфтугӯ дорам. [22] Бойгонӣ шудааст 25 октябри 2016  сол.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аз Мутеулло Наҷмиддинов дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?. kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 26 феврали 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 феврали 2019.
  2. МУТЕУЛЛО НАҶМИД­ДИНОВ. navisandagan.tj. 26 феврали 2019 санҷида шуд.
  3. Р.Махсумзод. «Вассофи мардони майдон» — Душанбе, 2011. — 11 феврал
  4. М. Салим. «Ҷумҳурият» — Душанбе, 2007. — 14 сентябр