Муҳаммад Аъзамхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Аъзамхон

Муҳаммад Аъзамхон, ки инчунин бо номи Нозими Ҷаҳон шинохта мешавад, олими намоёни тибби асри Х1Х дар Ҳиндустон зиндагӣ ба сар бурда, муаллифи асарҳои калонҳаҷми «Муҳити Аъзам», «Иксири Аъзам» ва ғаӣра мебошад. Китоби «Иксири Аъзам» асари чорҷилдаи ҷомеъ аст дар баёни муолиҷаи бемориҳо.

«Муҳити Аъзам»[вироиш | вироиши манбаъ]

«Муҳити Аъзам» аз чаҳор ҷилд иборат буда, ба шакли луғат навишта шудааст. Дар муқаддимаи ҷилди аввал асосҳои назариявии тибби пешина ва инчунин асосҳои дорушиносии он муфассал баён ёфтаанд. Дар ин асно дар баробари асосҳои назарияи тибби форс-тоҷик асосҳои тибби ҳиндӣ низ оварда мешаванд, умумияти онҳо ва ҷиҳатҳои хоси онҳо равшан шудаанд, ки якдигарро мукаммал мегардонанд. Қиммати дигари ин асари муҳим он аст, ки дар китоб захираи дорушиносии тибби пешинаи на танҳо форсу тоҷикҳо, юнониҳо ва арабҳо, инчунин маълумоти тибби ҳиндӣ ва қисман аврупоӣ (ағлаб — англисӣ) инъикос гаштаанд. Дар он номгӯи қариб 15 ҳазор дору, рустанӣ, ҳаӣвон ва моддаҳои гуногун (ғаӣриарабӣ) оварда шуда, моҳият ва хусусиятҳои адвиёти онҳо эзоҳ ёфтаанд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]