Муҳаммадҷон Раҳимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадҷон Раҳимӣ
Таърихи таваллуд: 3 май 1901(1901-05-03) ё 1901
Таърихи даргузашт: 28 август 1968(1968-08-28)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир
Забони осор: русӣ ва тоҷикӣ
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Муҳаммадҷон Раҳимӣ (3 майи 1901, рустои Фойиқ, ноҳияи Шофирком, вилояти Бухоро28 августи 1968, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — шоир ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадҷон Раҳимӣ 3 майи соли 1901 дар деҳаи Фойиқи ноҳияи Шофиркоми вилояти Бухоро зода шудааст. То соли 1917 дар мактаби куҳна таҳсил карда, баъдан ба ҳунармандӣ машғул шудааст. Баъди Инқилоби Бухоро дар идораҳои молия ва назорат кор кардааст. Муддате мудири шуъбаи тарғиботи КМ ПК (б) Бухоро будааст. Соли 1922 ба фидоиён пайваста, дар ҷабҳаҳои Шаҳри Сабз ва Бухорои Шарқӣ ҷангидааст. Баъдан дар Артиши Сурх, идораи молия ва назорат иштиғол варзидааст. Соли 1928 мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» будааст. Соли 1932 Курси кормандони молияи Ленинградро хатм карда, мудирии шуъбаи коргузории Комиссариати молияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Соли 1933 корро дар матбуот давом дода, баъди таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ корманди он будааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қӯшунҳои сарҳадӣ хидмат кардааст. Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 23 августи соли 1968 аз олам даргузашт. Осорхонаи ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи пиру барност. Бо нишону ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Эҷод[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин шеърҳояш аз соли 1924 ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ӯ «Шеърҳои интихобкардашуда» соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Достони санъат» (1945), «Марг ба марг, хун ба хун» (1943), «Ба душман бераҳм бош!» (1944), «Фирӯзӣ» (1947), «Кишвари заррин» (1948), «Дилафрӯз» (1950), «Роҳи равшан» (1952), «Тилои сафед» (1958), «Машъали меҳр» (1960), «Сабоҳи сухан» (1963), «Рубоиёт ва дубайтиҳо» (1965), «Афсонаи Симурғ» (1967), «Оташи ҷовид» (1967), сеҷилдаи «Осор» (1978—1982) ва «Таронаҳо» (1991)-яш ба табъ расидаанд. Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии «Писари Тоҷикистон» ба навор гирифта шудааст. Дар таҳия ва нашри осори Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Шоҳин, Бобо Тоҳир, матни «Шашмақом» ва сеҷилдаи «Таронаҳои халқии тоҷикӣ» ширкат варзидааст. Таҳия ва таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) ба ӯ тааллуқ дорад.

Тарҷумонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷмӯаи ашъори ба русӣ тарҷуманамудаи ӯ «К вершинам счастья» соли (1964) чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш ба забони дигар халқҳо ҳам тарҷума ва нашр ёфтаанд. Асарҳои ҷудогонаи А. С. Пушкин, Н. А. Некрасов, М. А. Крилов, Т. Г. Шевченко, М.Горкий, В. Маяковский, П. Тичина, С. Вурғун ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.189 — 190 ISBN 978-99947-2-379-9.