Муҳаммадҷон Шарипов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадҷон Шарипов
Таърихи таваллуд 1904(1904)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1977(1977)
Фазои илмӣ олим

Муҳаммадҷон Шарипов — (1904-1977), ходими намоёни маорифи халқи Тоҷикистон, аввалин директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёнаро дар шаҳри Тошканд хатм карда (1929), фаъолияти кориашро ба ҳайси коргузори иттифоқи «Қӯшчӣ» дар ш. Пржевалск (1924) оғоз намудааст. Муаллими техникуми омӯзгорӣ (1930-32), директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (1932-34), директори Донишкадаи шабонаи омӯзгории Сталинобод (1934-35), созмондиҳандаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Тошканд (1935-36). Аз с.1936 то оғози ҶБВ дар системаи Комиссариати маорифи халқи Ӯзбекистон дар вазифаҳои директори мактаб, корманди илмии шуъбаи Шарқи китобхонаи давлатии оммавии ба номи Навоӣ кор кардааст. Баъди ҷанг дар системаи маорифи ш.Пржевалск ва ш.Тошканд хидмат карда, бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.