Муҳаррики барқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаррикҳои барқии иқтидорашон гуногун (750 Вт, 250 Вт, барои CD-плеер, барои бозичаҳо, барои дисковод). Батарейкаи «Крона» барои муқоиса

Муҳаррики барқӣ — афзори барқӣ (мошини барқӣ), ки дар он энергияи қувваи барқ ба энергияи механикӣ табдил меёбад.

Усул ва тарзи кори муҳаррикҳои барқӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси кори аксари муҳаррикҳои барқӣ индуксияи электромагнитӣ мебошад. Муҳаррики барқӣ аз қисми беҳаракат — статор (дар муҳаррикҳои асинхронӣ ва синхронии ҷараёни тағйирёбанда) ё индуктор (дар муҳаррикҳои ҷараёни доимӣ) ва қисми ҳаракаткунанда — ротор (дар муҳаррикҳои асинхронӣ ва синхронии ҷараёни тағйирёбанда) ё якор (дар муҳаррикҳои ҷараёни доимӣ) иборат аст. Дар муҳаррикҳои камиқтидори ҷараёни доимӣ одатан ба сифати индуктор магнити доимиро ба кор мебаранд.

Ротори муҳаррики асинхронӣ дорои ғалтаки сарбаста ё фазавӣ (бо ғалтак)мешавад.

Тарзи кори муҳаррики барқии асинхронии сефаза[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми ба қувваи барқ пайвастани муҳаррик дар статор майдони магнитии доирашакли даврзананда ҳосил мешавад, ки дар натиҷаи индуксия ба ғалтаки сарбастаи ротор таъсир мерасонад ва дар ротор ҷараёни индуксионӣ ба вуҷуд меояд. Мувофиқи қонуни Ампер (ба ноқили дорои ҷараёни барқ, ки дар майдони магнитӣ қарор дорад, қувваи теладиҳанда таъсир мерасонад) ротор ба ҳаракат медарояд. Басомади гардиши ротор ба басомади шиддати барқ ва шумораи қутбҳои магнитии муҳаррик вобаста аст.

Фарқияти байни басомади гардиши майдони магнитии статор ва басомади гардиши ротор лағжиш номида мешавад. Муҳаррик аз ҳамин сабаб асинхронӣ номида мешавад, ки басомади гардиши майдони магнитии статор бо басомади гардиши ротор мувофиқат намекунад.

Муҳаррики синхронӣ дар сохти ротор фарқият дорад. Ротор ё магнити доимӣ дорад, ё дорои электромагнит мебошад. Дар муҳаррики синхронӣ басомади гардиши майдони магнитии статор бо басомади гардиши ротор мувофиқат мекунад. Барои ба кор андохтани муҳаррики синхронӣ аз муҳаррикҳои асинхронии ёридиҳанда ё ротори дорои ғалтаки сарбаста истифода мекунанд.

Тасвири майдони магнитӣ ҳангоми кори муҳаррики асинхронӣ. Лағжиши ротор нисбати майдони магнитӣ намудор аст.

Дар тасвир нақшаи принсипиалии муҳаррики дуқутба — ба ҳар як фаза чортогӣ паз нишон дода шудааст. Ҳангоми пайваст кардани ғалтакҳои статор ба шабакаи сефазагӣ майдони даврзананда ҳосил мешавад, чунки ҷараёнҳои дар фазаҳои ғалтакбуда, ки дар муҳит нисбати якдигар бо фарқияти 120° ҷой гирифтаанд, аз ҷиҳати фаза низ нисбати якдигар 120° фарқ мекунанд.

Намудҳои муҳаррики барқӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаррики барқии ҷараёни доимӣ
Муҳаррикҳои асинхронӣ
  • Муҳаррики барқии асинхронии ҷараёни тағйирёбанда;
  • Муҳаррики барқии синхронии ҷараёни тағйирёбанда;
  • Муҳаррики барқии ҷараёни доимӣ;
  • Муҳаррики барқии универсалии коллекторӣ;
  • Муҳаррики барқии ҷараёни пулсатсиякунанда

ва ғ.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Белов М. П., Новиков В. А., Рассудов Л. Н. Автоматизированный электропривод типовых производственных механизмов и технологических комплексов.
  • Войнаровский П. Д.,. Электродвигатели // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]