Муҳра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муҳра (порсӣ: موهره ) - яке аз зебу зиннати ороишии занон.

Муҳраро дар Бухоро гаварса ва ё зағирак меномиданд. Барои сохтани муҳраҳо тиллову нуқраи дорои иёри баланд истифода мешуд. Муҳраҳоро дар кириё ба воситаи симкашӣ сӯрох мекарданд ва пасон дар ороиши гӯшвору зеби гардан ба кор мерафт. Барои истеҳсоли муҳраи навъи аъло ҳар кадом муҳраро дар алоҳидагӣ месохтанд. Дар пораи ангишти аз чӯби дарахт тайёршуда, чуқурчае кофта, ба он сим мегузоштанд ва ангиштро ба рӯйи лахчаи оташ ниҳода, бо даҳандам – лӯлачаи махсуси мисӣ онро пуф карда, ҳаво медоданд, то ки оташи он аланга гирад. Вақте ки сим об мешуд, бо анбӯр ангиштро гирифта, ба зарфи обаш хунук меандохтанд. Дар як лаҳза қатраи хӯла сард ва сахт шуда, ба муҳра табдил меёфт. Барои истеҳсоли миқдори зиёди муҳраҳо сими хӯларо дар зарфи ба оташ тобовар (маъмулан дар бӯта) об карда, сипас ба оби хунук қатра-қатра мечакониданд. Қатраҳо шаклҳои муҳраҳои гирдачаи нуқрагӣ ё тилоиро мегирифтанд.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Умарова З. История исследований ювелирного искусства таджиков // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. – Душанбе: 2006. – С. 277-302.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 35 - 40.