Мӯсо Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мӯсо Каримов
Мӯсо Бобишоевич Каримов
Таърихи таваллуд 20 ноябр 1966(1966-11-20) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009)

Мӯсо Бобишоевич Каримов (тав. 20.11.1966, деҳаи Дашти Мирзои ноҳияи Файзобод), номзади илмҳои педагогӣ (1998), дотсент (2010). профессор (2021). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1987–1992 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1992–1994 муаллими фанни таърих ва ҷомеашиносии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19 ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, 1994–1998 аспирант, 1998–2002 ассистенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2002 то имрӯз ҳамчун мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқоти ӯро масъалаҳои инкишофи низоми маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди низоми маориф дар замони соҳибистиқлолӣ ташкил медиҳанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009) қадр карда шудааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 7 асари илмӣ, 4 китоби дарсӣ, 6 дастури методӣ ва 70 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқоти ӯро масъалаҳои инкишофи низоми маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди низоми маориф дар замони истиқлолият ташкил медиҳанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аз таърихи инкишофи системаи маориф дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1996;
  • Вазъи таъминкунии кадрҳои баландихтисос дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 80-ум. Д., 1998.
  • Истифодаи ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар дарсҳои таърих. Д., 2007;
  • Аз таърихи пайдоиши донишгоҳҳо дар Эрон. Теҳрон, 2014;
  • Бойгоншиносӣ. Д., 2013 (ҳаммуаллифӣ);
  • Тавсияҳои методӣ оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ. Д., 2014;
  • Методикаи таълими таърих дар мактабҳои олӣ. Д. 2015;
  • Хронологияи таърихӣ. Д. 2014; (ҳаммуаллиф)
  • Таърихи афкори ҷамъияти-сиёсии халқи тоҷик. Д., 2017; (ҳаммуаллиф)
  • Этнография. Д., 2018; (ҳаммуаллиф)
  • Фанҳои ёрирасони таърих. Д., 2005; (ҳаммуаллиф)
  • Таърихи инкишофи системаи маориф дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2019;
  • Археология. Д., 2021; (ҳаммуаллиф)
  • Методикаи таълими ҳуқуқ. Д., 2021.(ҳаммуаллиф)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]