Наввоф Аҳмад Ҷобири Сабоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ
ар. نواف الأحمد الجابر الصباح
<!—ИТТИЛООТ ДАР БОРАИ ВАЗИФА-->px
аз 29.09.2020
Пешгузашта Сабоҳ IV
Ҷонишин Мишаал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ
Губернатори музофоти Ҳаваллӣ
12.02.1962 — 1978
Пешгузашта ?
Ҷонишин Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ

Таваллуд 25 июн 1937(1937-06-25)
Даргузашт 16 декабр 2023(2023-12-16) (86 сол)
Дудмон Ал Сабоҳ
Падар Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ
Модар Ямама
Фарзандон 4 писар ва 1 духтар
Таҳсилот
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
Grand Cross of the Order of Civil Merit Grand Cross of the Order of the Liberator General San Martin Grand Collar Of The State Of Palestine
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ (ар. نواف الأحمد الجابر الصباح‎; тав. 25 июни 1937, Кувайт, Кувайт) — амири Кувайт аз 29 сентябри соли 2020[1]то лаҳзаи маргаш 16 декабри 2023.

Бародари собиқ амири Кувайт Сабоҳ IV мебошад. Вай 7 феврали соли 2006 бо вайрон кардани суннати оилаи ас Сабоҳ, ки тибқи он амири ҳоким ва валиаҳд шохаҳои гуногуни он - ал-Аҳмад ва ас-Салимро намояндагӣ мекунанд, таъйин шуд[2].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

25 июни соли 1937 дар Кувайт таваллуд шудааст. Ӯ писари шашуми амири даҳуми Кувайт - Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ аз ҳамсараш Ямама аст. Пас аз хатми таҳсили миёна ӯ дар донишгоҳи Британияи Кабир таҳсил кардааст.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ 12 феврали соли 1962 хамчун губернатори музофоти Ҳаваллӣ кушиш мекард, ки бо зиёд кардани шумораи посбонон дар кучаҳои шаҳрҳо минтақаи сермиллатро бехатар гардонад. Вай то соли 1978 дар ин вазифа буд.

Вазири корҳои дохилӣ (12 марти 1978 – 1988) ва (дуюм: 13 июли 2003 – 9 феврали 2006). ба такмил додани полисӣ шуруъ намуда, ба ислоҳоти он ва аз нав ташкил кардани вазорат ноил гардид[3].

Дар вазифаи вазири мудофиа (26 январи 1988 – 1991) барои хариди аслиҳа, таъмини артиш ва азнавташкилдиҳии артиш, фиристодани ҷавонон барои таҳсил ба хориҷи кишвар дар соҳаи идоракунии техникаи ҳарбӣ шартномаҳо бастааст.

Баъди озод шудани Кувайт 20 апрели соли 1991 вазири корҳои иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ таъин шуд ва то 17 октябри соли 1992 дар ин вазифа буд. Дар давраи кораш хонаи пиронсолони замонавӣ сохта шуд. Баъдан моҳи октябри соли 1994 муовини фармондеҳи Горди Миллӣ шуд, таваҷҷуҳи низомиёнро ба фарҳанг афзоиш дод ва ҷавононро ба хидмати артиш ташвиқ кард. Вай то соли 2003 ин вазифаро дошт.

Муовини сарвазир (13 июли 2003 – 9 феврали 2006) ва муовини якуми Сарвазир (16 октябри 2003 – 9 феврали 2006)[4].

Амири Кувайт[вироиш | вироиши манбаъ]

29 сентябри соли 2020 бародараш Сабоҳ (1929-2020) даргузашт ва ҳамон рӯз амири нави Кувайт эълон шуд. Моҳҳои охири умри бародараш регент ва ҳукмрони де-фактои мамлакат буд. Калонсолтарин монарх дар таърихи инсоният дар замони тоҷгузорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ бо Шарифа бинти Сулаймон ал-Ҷосим издивоҷ кардааст. 4 писару 1 духтар дорад[5][6]:

  • Аҳмад (тав. 1956) - вазири иттилоот, муовини фармондеҳи Горди миллӣ (аз 2020), сарвазир (аз 2022)
  • Файсал (тав. 1957) - муовини вазири корҳои дохилӣ оид ба амнияти ҷамъиятӣ.
  • Абдуллоҳ (соли таваллудаш 1958).
  • Салим (соли таваллудаш 1960) сардори шуъбаи корхои дохилй.
  • Шайха (соли таваллудаш 1962).

Унвонҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 21 феврали 1962 - 9 феврали 2006: Ҷаноби Олӣ Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ
  • 7 феврали 2006 - 29 сентябри соли 2020: Аълоҳазрат валиаҳди Кувайт Шайх Наввоф Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ
  • 29 сентябри соли 2020 - то ҳол: Аълоҳазрат Амири Кувайт Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ.

Фактҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ аз рӯзи аввали ба ин курсӣ омаданаш яке аз куҳансолтарин раҳбарони иҷрокунандаи вазифаи давлат ва ҳукуматҳои ҷаҳон аст.
  • Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ куҳансолтарин подшоҳ дар таърихи башарият дар замони ба ин кишвар расидан аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Наследный принц Наваф назначен новым эмиром Кувейта(рус.). ТАСС (29 сентябри 2020).
  2. Nawaf is appointed Kuwait Crown Prince(англ.). gulfnews.com (8 February 2006).
  3. Рыцарская армия. История Кувейта(ар.). kuwait-history.net(пайванди дастнорас — таърих) (январь 2008).
  4. Crown Prince Sheikh Nawaf Al-Ahmed Al-Jaber Al-Sabah(пайванди дастнорас — таърих). Global Security. 24 октябри 2014 санҷида шуд.
  5. New Emir of Kuwait named (en-GB). Royal Central(пайванди дастнорас — таърих) (29 September 2020).
  6. Who is Sheikh Nawaf Al-Ahmad Al-Jaber Al-Sabah?(ар.). AlKhaleej Today(пайванди дастнорас — таърих) (29 September 2020).

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]