Новӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Новӣ
Сардӯшии Нерӯи дарёӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناوی
Кишвар  Русия
Дараҷаи болотар Сарновӣ
Ҳамто

Новӣ (форсӣ: ناوی‎) — поинтарин ва нахустин дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе поинтар аз сарновӣ дорад ва баробар бо сарбоз дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:

Новӣ
Дараҷаи болотар:
Сарновӣ

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Новӣ» (форсӣ: ناوی‎) ба маънои «сарбози нерӯи дарёӣ; сарбозе, ки дар нерӯи дарёӣ хидмат мекунад» сифати нисбӣ аз нов (форсӣ: ناو‎ > порсии миёна: nāv- > порсии бостон: nāvam-киштӣ’)[2] аст. Ин истилоҳро Фарҳангистони забони Эрон соли 1935 ҷойгузини «сарбози нерӯи дарёӣ» кардааст[3].

Рутбабандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нерӯи дарёӣ сарбозеро новӣ мегӯянд, ки зери дасти фармондеҳ хидмат мекунад ва поинтарин рутбаи низомиро дорад[4]. Ин дараҷа дар нерӯҳои дарёии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон 1 — 3 рутба — новии севум, новии дувум, новии якум — дорад, ки баробар бо дараҷаҳои НАТО OR-1 — OR-3 ҳастанд.

Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]

Дараҷаи «новӣ» соли 1946 дар Артиши Шуравӣ ҷойгузини дараҷаи «аскари сурх» шуда, ки он соли 1918 дар Артиши Сурх ҷорӣ шуда ва 22 сентябри 1935 ҳамчун понтарин дараҷаи шахсии сарбозӣ пазируфта шуда буд[5].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Рубинчик Ю.А. Персидско-русский словарь. - М.: Русский язык, 1970. — 1613 с.
  2. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2720.
  3. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 41. 25 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  4. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва: Воениздат, 1972. – 655 с.
  5. РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]