Озмун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Озмун - барои ишғол намудани вазифаи муайян байни гурӯҳи мутахассисон озмун гузаронида мешавад. Озмун байни гурӯҳҳои зерини хизматчиён сурат мегирад:

1. Ҳайати муаллимон - профессорони донишгоҳҳои олӣ;

2. Мутахассисони соҳаи институтҳои илмию тадқиқотӣ;

3. Дар байни кормандони соҳаи санъат.

Оид ба гузаронидани озмун қарори роҳбари муассиса як моҳ пеш бояд дар рӯзномаҳо чоп гардад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 365