Охнотун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Охнотун
Сурат
Таърихи таваллуд асри XIV то м.
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1336 то м.
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Падар Аменхотепи III
Модар Tiye[d]
Ҳамсар Nefertiti[d], Kiya[d], The Younger Lady[d] ва Tadukhipa[d][1]
Фарзанд Meritaten Tasherit[d], Ankhesenpaaten Tasherit[d], Setepenre[d], Neferneferure[d], Neferneferuaten Tasherit[d], Ankhesenamun[d], Meketaten[d], Тутонхомун ва Meritaten[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аменхотепи IV (баъдан Охнотун; 1380 то м. — ?) — яке аз фиръавнҳои Мисри Қадим.

Ҳукмронӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои ҳукмр. 1365 – 48. А. IV писари Аменхотепи III буд. Дар 15-солагӣ бар тахт нишаст ва ба ӯ лақаби Неферхепрура, яъне «беҳтарин офаридаи Ра» дода буданд. Ра (Офтоб) – худои олии Мисри Қадим аст. Баъд аз як соли ҳукмрониаш ба ӯ лақаби Уэнра, яъне «мутааллиқи ягонаи Ра» илова гардид. А. IV-ро дар маъхазҳо гоҳо пешгӯй ва ё ғайбдон ва гоҳо девона ҳам номидаанд. А. IV бар хилофи издивоҷи анъанавии фиръавнҳо бо Нефертитӣ ном зебодухтари яке аз ашрофзодаҳо хонадор шуд. А. IV соли 1359 пойтахти Мисрро 300 км дуртар аз Фив (пойтахти ҳамон давра) ба мавзеи махсусе кӯчонд ва онро Ахетатон, яъне «хонаи Атон» номид. Ҳоло он дар ҳудуди шаҳри Тел-ал-Амарна воқеъ аст. Муҳимтарин иқдоми А. IV аз он иборат аст, ки ӯ аввалин бор дар таърихи Мисри Қадим ғояи яккахудоиро ба вуҷуд овард ва худои ягонаи ӯ Атон (чархи Офтоб) ном дошт. Соли 1356 ӯ Атонро худои ягона эълон кард, парастиши тамоми худои маъмулии мисриёнро ғайри қонунӣ эълон кард ва парастиши Амон сахт таъқиб карда мешуд. ӯ ҳамаи маъбадҳоро баст ва мӯбадонро аз кор ронд. Атон манбаи тамоми ҳаёт эълон гардид. ӯ Атонро на танҳо худои ягонаи Миср, балки худои ягонаи ҷаҳон медонист. Ин фавқулистеъдодият ба ӯ имкон дод, ки номи худро Эхнатон, яъне «писандидаи Атон» гузорад. Дар с-ҳои ҳукмр. А. IV ҷангҳои забткорона умуман рух надодаанд. Дар ғояи парастиши яккахудоӣ маслиҳатгари ӯ модараш Тий буд; Худи А. IV аз бемории саръ азият мекашидааст. Гӯё маҳз дар вақти хурӯҷи саръ Атон ба ӯ ҳақиқатро баён мекардааст ва лақаби девона ба ӯ ба-д-ин сабаб буд.

Дар пойтахти таъсисдодаи А. IV – Ахетатон бостоншиносон суруде бо номи «мадҳияи Атон» пайдо кардаанд, ки он яке аз асарҳои бадеӣ, фалсафӣ ва динию ривоятии қадим маҳсуб мешавад. Ин суруд нисбат ба дигар сурудаҳои динии мисриёни қадим мазмуни васеъ дошта, Атон ҳамчун худои ягона на танҳо барои мисриён, балки барои ҳамаи кишварҳо маънидод мешуд. А. IV умри дароз надид ва ҷавон фавтид. Пас аз марги А. IV мӯбадоне, ки ба тавассути парастиши маъбадҳои гуногун ризқу рӯзӣ ба даст меоварданду аз он маҳрум шуда буданд, ба шӯриш хеста, боз парастиши Амонро барқарор карданд ва ба шоҳи яктопарасти худ лақаби девонаро ошкоро илқо карданд. Пойтахт ҳам боз ба Фив кӯчонда шуд ва Ахетатон оҳиста-оҳиста хароб гардид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. (not translated to en-gb) Chronicle of the queens of Egypt (ингл.брит): from early dynastic times to the death of Cleopatra(untranslated), 2006. — С. 124. — 224 с. — ISBN 978-0-500-05145-0

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Веркутер Ж., Древний Египет (Пер. с фр. Татьяны Земцовой), М., 2004,
  • Геродот, История (Перевод и примечания Г. А. Стратановского), М., 2006;
  • Комилӣ А., Аз таърихи қадимаи Шарқи Наздику Миёна, Д., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]