Президенти Тунис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Президенти Тунис
Ишғоли вазифа
Беҷӣ Қоид Сибсӣ
Иқомати расмӣ Carthage Palace[d]
Пайдошавии вазифа 25 июл 1957
Сайт carthage.tn

Президенти Ҷумҳурии Тунис — сарвари давлати Ҷумҳурии Тунис мебошад, ки ба таври интихоботи умумихалқӣ ба мӯҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад ва ҳуқуқ дорад на бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тунис сарвазири кишвар ва ҳукуматро таъйин мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Вазифаи президент дар Тунис 25 июли соли 1957 баъди эълони истиқлоли ҷумҳурӣ ва сарнагун гардидани ҳокимяти подшоҳӣ ва пеш аз он ҳокимяти беки Тунис Муҳаммад ал-Амин таъсис шудааст.

  • Аввалин президент сарвазири кишвар Ҳабиб Бурқиба буд, ки то соли 1987 ин мақомро бар уҳда дошт ва бо сабабҳои саломатӣ аз мақом барканор шуд ва
  • Ваколатҳои президентӣ ба сарвазир Зайналобуддин бин Алӣ гузашт, ки соли 1989 ба ин мақом интихоб шуда буд. 14 январи соли 2011, дар ҷараёни эътирозҳои мардумӣ дар Тунис, Бин Алӣ аз кишвар ба Арабистони Саудӣ фирор кард ва дар он ҷо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифт.
    • Сарвазир Муҳаммад Ғанушӣ президенти муваққатии Тунис шуд.
    • рузи дигар, мувофики конститутсия Фуад Мебаз, раиси палатаи намояндагони Ҷумҳурии Тунис шуд.
    • Қарор шуд, ки интихоботи президентӣ дар давоми ду моҳ баргузор шавад.
  • Мунсиф Марзуқӣ аз 13 декабри соли 2011 то 31 декабри соли 2014 президенти кишвар шуд.
    • Мӯҳлати президентии ӯ ба далели он ба поён расид, ки ӯ дар интихоботи президентӣ [1], дар даври дуввум ба Беҷӣ Қаъд Сибсӣ мағлуб шуд.
  • Аз 31 декабри соли 2014 то 25 июли соли 2019, то маргаш Беҷӣ Қаъд Сибсӣ президенти ҷумҳур буд.

Феҳристи президентҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

№. Акс Ном Оғоз Анҷом Интихобот Ҳизби сиёсӣ Мавқеъ
1 Ҳабиб Бурқиба (1903-2000)

ар. ‎‎حبيب بورقيبة‎‎‎حبيب ‎

25 июли 1957 7 ноябри 1987 1959, 1964, 1969, 1974 Дастури нав президент
- Зайналобуддин бин Алӣ (1936-2019)

ар. زين العابدين بن علي‎زين العابدين بن ‎

7 ноябри 1987 2 апрели 1989 - Ҳизби сотсиалистии дастуровӣ (то соли 1988) Ассотсиатсияи конститутсионии демократӣ (1988-2011) и.в. президент
2 2 апрели 1989 14 январи 2011 1989, 1999, 2004, 2009 президент
- Муҳаммад Ғанушӣ (1941-)

ар. محمد الغنوشي‎

14 январи 2011 15 январи 2011 - Ассотсиатсияи конститутсионии демократӣ и.в. президент
- Фуад Мбазаа (1933-)

ар. فؤاد المبزع‎‎فؤاد ‎

15 январи 2011 13 декабри 2011 - Ассотсиатсияи конститутсионии демократӣ и.в. президент
3 Мунсиф Марзуқӣ (1945-)

ар. المنصف المرزوقي‎

13 декабри 2011 31 декабри 2014 2011 Конгресси ҷумҳуриявӣ президент
4 Қаъд Сибсӣ (1926-2019)

ар. ‎الباجي قائد السبسي‎‎الباجي قائد ‎

31 декабри 2014 25 июли 2019 2014 Нидои Тунис президент
- Муҳаммад Носир (1934-)

ар. محمد الناصر‎‎‎محمد ‎

25 июли 2019 23 октябри 2019 - Даъвати Тунис и.в. президент
5 Каис Саид (1958-)

ар. قيس سعيدقيس ‎

23 октябри 2019 амалкунанда 2019 мустақил президент

Ҷадвали мӯҳлати президентӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Каис СаидМуҳаммад НосирҚаъд СибсӣМунсиф МарзуқӣФуад МебазМуҳаммад ҒанушӣЗайналобуддин бин АлӣҲабиб Бурқиба

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]