Рафоат Абдусаломова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рафоат Абдусаломова
Таърихи таваллуд 10 март 1939(1939-03-10)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом, вилояти Ленинобод
Таърихи даргузашт 24 октябр 2023(2023-10-24) (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Ҷоизаҳо

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон
«Аълочии телевизион ва радиои СССР»

Рафоат Абдусаломова (10 марти 1939[1], ноҳияи Конибодом — 24 октябри 2023, Душанбе[2]) — рӯзноманигор, аввалин наттоқи телевизиони тоҷик, наттоқи дараҷаи олӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли теле­визиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчун рӯзноманигор дар таҳияи барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва ғ., ки миёни тамошобинон маҳбубият дош­танд, саҳм гузоштааст. Абдусаломова Рафоат солҳои зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1989);
  • Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон;
  • Нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои СССР».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Телевизион — оинаи зиндагӣ. — Душанбе, 2002;
  • Наттоқ, чеҳраи телевизион. — Душанбе, 2008.