Рустамхоҷа Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рустамхоҷа Раҳимов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус муштзанӣ
Зодрӯз 16 феврал 1975(1975-02-16) (49 сол)
Зодгоҳ
Қад 169 сантиметр[1]
Вазн 54 кг[1]

Рустамхоҷа Раҳимов (олмонӣ: Rustamhodscha Rachimow; тав. 16 феврали 1975, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — муштзани тоҷики муқими Олмон, медаловари Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамонии Аврупо.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Рустамхоҷа Раҳимов 16 феврали соли 1975 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаву ба камол расидааст. Падараш Назрихоҷа Раҳимов ва модараш Ҷавлон Давлатова сокинони шаҳри Душанбе мебошанд. То чорсолагӣ дар тарбияи бибиаш буд. Баъдан, то ҳафтсолагӣ тарбияи кӯдакистонро гирифт. Сипас, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и зодгоҳ ва факултаи муолиҷавии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанберо хатм кард[2].

Муштзанӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Рустамхоҷа аз дувоздаҳсолагӣ ба муштзанӣ меҳр пайдо кард. Ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрати ӯ аз назари мутахассисон пинҳон намонд. Ҳамин буд, ки бо Рустамхоҷа ҷиддитар муносибат мекарданд. Ҳамин тариқ, ӯ таҳти роҳбарии Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Усмон Ҳалимов машқ кард ва тавонист ба боварӣ сазовор гардад.

Аввалин ҳунарнамоиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ (шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия) буд, замоне ки 13 сол дошт ва дар вазни 32 кило натиҷаи хуб ба даст овард[2].

Шаҳрвандии Олмон[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1995 ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Олмон сафар кард. Дар ҳамон шабу рӯз дастаи мунтахаби муштзании Олмон ба Бозиҳои олимпии Атланта омодагӣ мегирифт. Муштзани навраси тоҷикро мутахассисони олмонӣ дар ҷараёни мусобиқа таги чашм карданд. Баъдтар ба Тоҷикистон баргашта, дуо ва ризояти волидонро барои дар Олмон мондан гирифт. Ба муҳити наву ноошно мутобиқ шудан ба ӯ бо осонӣ даст надод. Забони немисиро низ оҳиста-оҳиста ёд гирифт ва соли 2002 шаҳрвандии ин кишварро қабул кард[2].

Ҳамин тариқ, баъди машқу тамрини зиёд Рустамхоҷа Раҳимов таҳти роҳбарии мураббии нави олмониаш Валентин Силагини руминиёӣ зимни иштирок дар Чемпионати Аврупо, ки соли 2004 дар шаҳри Пулаи Хорватия доир шуд, ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Афина гардид.

Зиндагии шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Рустамхоҷа аз ду никоҳ (ҳамсари якумаш олмонӣ буд) ду писару як духтар дорад[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Olympedia (ингл.) — 2006.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 А. Самариддин. Рустаме аз домани сабзи Душанбе(тоҷ.). Рӯзномаи "Садои мардум" (1 августи 2016). 21 апрели 2020 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]