Саид Носиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саид Носиров
Носиров Саид Тӯрабоевич
1932 — 1934
Пешгузашта Нисор Муҳаммад
Ҷонишин Кулӣ Абдинов

Таваллуд 1901
Даргузашт 21 октябр 1938(1938-10-21)
Фарзандон Юсуф Носиров
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Саид Носиров (Носиров Саид Тӯрабоевич; 1901, Хуҷанд21 октябри 1938, Сталинобод[1]) — рӯшанфикри тоҷик, арбоби давлатӣ, собиқадори маориф ва фарҳанги Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мактаби ибтидоии Хуҷанд ва макта­би русии маҳаллӣ таҳсил кардааст. Саид Носиров солҳои 1918—1920 котиби комитети камбағалони шаҳри Фарғона, котиби комитети комсомо­лии вилояти Фарғона интихоб гардид, солҳои 1920—1922 ба сафи Армияи Сурх даъват шуд ва дар ҳайати Экспедитсияи Ҳисор дар озод намудани Бухорои Шарқӣ иштирок кард.

Саид Носиров солҳои 1923—1924 мудири шӯъбаи ташкилии комитети партиявии шаҳри Хуҷанд; соли 1925 котиби комиҷроияи ноҳияи Ҷиликӯл, 1926—1929 прокурори шаҳрҳои Кӯлоб, Уротеппа, Панҷакент, соли 1929 раиси суди округи Хуҷанд, 1930—1931 раиси Комиҷроияи шаҳри Ху­ҷанд, 1931—1932 ҷонишини раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1932 комиссари маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон таъйин шуд ва дар айни замон (1934) раиси комитети ташкилии Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон буд, як муддат раиси Иттифоқи нависандагон низ интихоб шудааст.

Саид Носиров аз июни 1934 ба хидмати ҳарбӣ гузшт, аввал ҷонишин, баъд комиссари дивизияи 20 кӯҳгарди тоҷик буд[2].

Саид Носиров аз соли 1923 узви КПСС буд ва дар солҳои 1931—1937 депутати КИМ-и ҶШС Тоҷикистон узви КМ ҲК (б) Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати ҶШС Тоҷикистон, грамотаҳои фахрӣ қадрдонӣ шу­дааст.

Бузургдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз кӯчаҳои Хуҷанд ва шаҳри Душанбе ба номи ӯ гузошта шудааст[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Сталинские расстрельные списки по Таджикской ССР.(рус.). pomnirod.ru. Мое Семейное Древо. 21 июни 2022 санҷида шуд.
  2. Мильбах В. С., Павлович С. Л., Чураков Д. Р. Политические репрессии командно-начальствующего состава, 1937—1938 гг. Среднеазиатский военный округ. — СПб.: Гангут, 2019. — 340 с. — С.261.
  3. Носиров Саид Тӯрабоевич // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 480. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Носиров Саид Тӯрабоевич // Кӯлоб. Энсиклопедия. — Д.: СИЭМТ, 2006. — 640 с. — ISBN 5-89870-071-4.