Сергей Герасимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сергей Герасимов
русӣ: Сергей Апполинариевич Герасимов
Таърихи таваллуд: 21 май (3 июн) 1906[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 26 ноябр 1985(1985-11-26)[1] (79 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, филмноманавис, ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, сиёсатмадор, омӯзишгар, омӯзгор, намоишноманавис
Корнома: 19241985
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Defence of Leningrad" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» медали «Ветерани меҳнат» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow" Medal "In Commemoration of the 250th Anniversary of Leningrad"
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Honored art worker of the Russian Soviet Federative Socialist Republic
ордени Шери сафед
Мукофоти ленинӣ Ҷоизаи давлатии СССР Дорандаи Ҷоизаи ВЛКСМ Мукофоти сталинӣ
IMDb: ID 0314046
 Парвандаҳо дар Викианбор

Серге́й Аполлина́риевич Гера́симов (21 май (3 июн) 1906, Кундрави — 26 ноябри 1985, Маскав) — ҳунарпеша, коргардон, намоишноманавис, педагоги рус, доктори илмҳои санъатшиносӣ (1967), академики Академияи илмҳои педагогии ИҶШС (1978). Артисти халқии ИҶШС (1948). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти санъати театрии Ленинград (1928). Фаъолияти ҳунарпешагиаш дар синамо аз соли 1924 шурӯъ шудааст. Дар филмҳои «Чархофалак» (1926), «СВД» (1927), «Бобили ҷадид» (1929) ва ғ. нақш бозидааст. Аз соли 1930 коргардони киностудияи «Совкино» (аз соли 1934 «Ленфилм»)-и Ленинград. Соли 1941 аз рӯи намоишномаи М. Ю. Лермонтов филми «Маскарад»-ро бо ҳунару маҳорати баланди коргардонӣ ба навор гирифта, яке аз нақшҳои ҷаззоби хеш — нақши Неизвестнийро дар он бозид. Дар солҳои ҶБВ филмҳои «Мағлубнашавандагон» (1943, ҳамроҳи М. Калатозов) ва «Замини бузург»-ро (1944) офарид. Соли 1948 аз рӯи романи А. Фадеев филми «Гвардияи ҷавон»-ро таҳия кард (Мукофоти сталинӣ, 1949). Яке аз таҳияҳои пураҳаммияти Сергей Герасимов — филмбардории романи «Дони ором»-и М. Шолохов мебошад (1957-58, ҷоизаи аввали фестивали кинои шӯравӣ, 1958; ҷоизаи бузурги Фестивали умумиҷаҳонии кино дар Карлово-Вари, 1958; ҷоизаи Фестивали умумиҷаҳонии кино дар Брюссел, 1958), ки аз рӯи жанри драмаи мардумӣ наворбардорӣ шудааст. Дар тӯли фаъолияти педагогиаш дар Институти умумииттифоқии давлатии кинематография як зумра коргардонону ҳунарпешагони шинохта, аз қабили С. Бондарчук, Ю. Егоров, Л. Гурченко, Н. Бондарчук ва дигаронро тарбия кардааст. Сергей Герасимов депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 3-4), узви Раёсати Комитети шӯравии муҳофизати сулҳ буд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо се ордени Ленин, се ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Deutsche Nationalbibliothek Record #122595319 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Парфёнов Л. А. Сергей Герасимов. М., 1975.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]