Созҳои зарбӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Созҳои зарбӣ — гурӯҳи созҳоеанд, аз кадоме ки садо бевосита бо зарбаи болғачаи филизӣ, кӯбак, чӯбакҳо ҳосил карда мешавад. Ба «баданаи садодиҳанда» пӯсти кашидашуда, филиз, дарахт хидмат мекунад. Қабул шудааст, ки Созҳои зарбиро ба созҳои садои баландии муайяндошта (мас., ксилофон, колокола, литавраҳо, гонг, колоколчикҳо, челеста, лабчанг) ва созҳои баландии муайян надошта (барабанҳои калон ва хурд, тамубурин, кастанетаҳо, секунҷа, тамтам) ва (Оркестри созҳои халқии тоҷикӣ: нағораҳои хурд, дойра, даф, таблак, сафоил, қайроқ) ҷудо кардаанд. Созҳои зарбӣ асосан вазифаи ритмиро иҷро кунанд ҳам, ғайр аз ин, онҳо заминаи садо-ғалоғуларо ба вуҷуд оварда, таъсири обурангнокии палитраи ҳархелаи оркестрро пурра месозанд. Нақши Созҳои зарбӣ дар навъҳои гуногуни оркестрҳо ниҳоят бузург аст: симфонӣ, нафасӣ ва махсусан дар ҷаз.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.360. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)