Солор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Солор (форсӣ: سالار‎) ё Генерал (олмонӣ: General < лот. generālis — «ҳамагонӣ») — афсароне баландпоя дар нерӯҳои мусаллаҳро гӯянд, ки фармондеҳии ниҳоду сохторҳои низомӣ, амниятӣ, интизомӣ ва ягонҳои бузургро бар уҳда доранд[1].

Дар бисёре аз кишварҳо солор ҳар яке аз афсарҳои олиро меноманд, ки дар нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ фармондеҳии ягонҳои бузурге чун артиш, сипоҳ, лашкар ва гундро бар уҳда ва дараҷаҳои низомии зерин ва ё ҳамсонашонро доранд:

Шоха Нерӯи заминӣ Нерӯи ҳавоӣ Нерӯи дарёӣ
Сардӯшӣ
дараҷа Артишсолор Сипаҳсолор Лашкарсолор Гундсолор Артишсолор Сипаҳсолор Лашкарсолор Гундсолор Новгонсолор Дарёсолор Дарёбон Дарёдор
Дараҷабандӣ Солорон (англ. General Officers)

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Солор» (форсӣ: sālār‎ < порсии миёна: sardār < эронии бостон: *sara-dāra- > паҳлавӣ: sārδār[2]) гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал»[3] барои номгузории унвонҳо ва дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[4].

Афсарҳои олии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино бар Моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ» № 302 аз 20.01.2021, дар Нерӯҳои мусаллаҳ, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ дорандагони дараҷаҳои зерин «афсарони олӣ» хонда мешаванд[5]:

  1. генерали артиш
  2. генерал-полковник
  3. генерал-лейтенант
  4. генерал-майор

Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар таърихи низомии тоҷикон мансабҳои солорӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаанд. Дар замони Ҳахоманишиён пас аз шоҳаншоҳ (порсии бостон: xšāyaθiya xšāyaθiyānām) баландпоятарин мақоми низомиро сипаҳбад (порсии бостон: *spādapati-) дошт[6]. Дувумин мақоми солорӣ дар сипоҳи Ҳахоманишиёнро беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) дошт[7].

Дар замони Ашкониён (250 то милод224) низ сипоҳбад (паҳлавӣ: spāδpat) болотарин мақом пас аз шоҳаншоҳ (паҳлавӣ: šāhēn šāh) буд[8]. Беварабад дар сипоҳи Ашкониён гундсолор (паҳлавӣ: gund-sālār) ном гирифтааст[8].

Дар замони Сосониён пас аз шоҳаншоҳ (порсии миёна: šāhān šāh) баландпоятарин мақоми низомӣ артишдорон солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) буд[9], ки бино бар қаринаҳо, унвони дигаре барои Эрон сипоҳбед (порсии миёна: Ērān spāhbēd) аст[10], ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[11].

Мақоми артишторон солор болотар аз сипоҳбад (порсии миёна: spāhbēd) ва тақрибан ҳампоя бо аргбад (порсии миёна: argbēd) буд. Мақоми поинтар аз сипоҳбад гундсолор (порсии миёна: «gund-sālār») буд[12].

Сипоҳи Сосониён ба ду шоха ҷудо мешуд: пиёдагон (порсии миёна: payādagān) ба фармондеҳии пиёдагонсолор (payādagān sālār) ва саворон (порсии миёна: aswārān) ба фармондеҳии саворонсолор (aswārān sālār)[13].

Дар қиёс бо мақомҳои солории кунунӣ артишторон солор бо генерали артиш, сипаҳбад бо генерал-полковник ва беварабад бо генерал-майор баробар мешудаанд.

Дар замони Сомониён фармондеҳи сипоҳ «сипаҳсолор» (форсӣ: سپه‌سالار‎) унвон дошт[14], ки мутародиф бо сипаҳбад (форсӣ: سپهبد‎) аст[15]. Дар замони Ғазнавиён ва Салҷуқиён низ «солор» дар истилоҳи низомӣ сардору фармондеҳи сипоҳро мегуфтанд[14][16].

Дараҷаҳои солорӣ дар кишварҳои урупоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои урупоӣ дараҷаи генерал (русӣ: генера́л < олмонӣ: General < фр. général < лот. generālis — «ҳамагонӣ») нахустин бор дар садаи XVI дар Фаронса пайдо шуд.

Дар Русия то инқилоби соли 1917 рутбаҳои генерал-лейтенант, генерал-фелдмаршал, генерали инфентария (лашкари пиёда), лашкари савора, артиллерия, муҳандис-генерал вуҷуд доштанд. Дар артиши Иттиҳоди Шуравӣ бо Фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 7 майи соли 1940 чунин рутбаҳои генералӣ муқаррар шуданд:

  1. генерали артиш (барои фармондеҳони артишҳо)
  2. генерал-полковник
  3. генерал-лейтенант
  4. генрал-майор

Дар артиши Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз замони шуравӣ ин рутбаҳо муқаррар шудаанд.

Рутбаи генерал дар кишварҳои ҷаҳон бо номҳову дараҷабандиҳои гуногун дида мешавад. Масалан, дар Эрон онро «артишбуд» (форсӣ: ارتشبد‎) меноманд ва болотарин дараҷаи низомӣ аст.

Дар артиши ИМА рутбаҳои генерали бригада (англ. brigadier general), генерал-майор (англ. major general), генерал-лейтенант (англ. lieutenant general), генерали артиш (англ. army general); дар Фаронса — генерали бригада (фр. général de brigade), генерали дивизия (фр. général de division), генерали корпус (фр. général de corps d'armée), генерали артиш (фр. général d'armée).

Дар Олмон генерал (олмонӣ: General) аз лиҳози мартаба чаҳорум аст (пас аз генерали бригада (олмонӣ: Brigadegeneral), генералмайор (олмонӣ: Generalmajor) ва генераллейтенант (олмонӣ: Generalleutnant)). Дар Лаҳистон низ генерал аз соли 2002 мақоми чаҳоруми баланд мебошад.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125
  2. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. — ҷ. 3, сc. 1648, 1718.
  3. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 259
  4. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ.
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»(пайванди дастнорас)
  6. Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391.
  7. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896.
  8. 8.0 8.1 Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131.. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  9. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  10. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961.
  11. Artēštārān-sālār // Донишномаи Эрон, ҷ. 2, 2503. 23 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.
  12. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0.
  13. Maksymiuk, Katarzyna; Syvanne, Ilkka (2018). The Military History of the Third Century Iran (in Англисӣ). Archeobooks. p. 55-59. ISBN 978-83-7051-894-3. 
  14. 14.0 14.1 Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — с. 252. — 904 саҳ. — ISBN 964-00-1086-3.
  15. Bosworth, C. E.; Digby, S. (1978). "Ispahsālār, Sipahsālār". In van Donzel, E.; Lewis, B.; Pellat, Ch.; Bosworth, C. E. The Encyclopaedia of Islam, New Edition, Volume IV: Iran–Kha. Leiden: E. J. Brill. pp. 208–210. ISBN 90-04-05745-5.
  16. Анварӣ, Ҳасан. Истилоҳоти девонии давраи Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ. – Теҳрон: Сухан, 1373.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: