Таҳмовар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таҳмовар
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: تهم‌آور
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Таҳмдор
Дараҷаи поинтар Размсоз
Ҳамто

Таҳмовар (форсӣ: تهم‌آور‎) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размсоз ва поинтар аз таҳмдор дорад ва баробар бо новбон севум дар нерӯи дарёӣ аст; лейтенанти хурд[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Размсоз

Таҳмовар
Дараҷаи болотар:
Таҳмдор

Таҳмовар дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи таҳмро дорад, ки ягони тактикиест, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3].

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Таҳмовар» аз як вожа ва як пасванд сохта шудаву мақулаи дастурии он сифат ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + пасванд (-овар)] аст. «-овар» гунае дигар аз пасванди «-вар» (< порсии миёна: -var < порсии бостон: *bara-баранда’ < √*bar-бурдан’)[4] ба маънои «доранда» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва сифат месозад. Ин пасванд дар «ҷанговар» ва «таковар» ҳам ба кор рафтааст[5]. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст.

«Таҳмовар» ба маънои «фармондеҳи таҳм» дар пайравӣ аз «таҳмдор» ва дар қиёс бо «гундовар» ва «размовар» сохта шуда, ки Фирдавсӣ онҳоро дар «Шоҳнома» ба маънии «сипаҳсолор» ва «ҷанговар, разманда» ба кор бурдаст:

Пазира шудандаш ҳама меҳтарон,
Бузургони Эрону гундоварон[6].

Ки гурдон кадоманду солор кист,
Зи размоварон ҷангро ёр кист[6].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳмовар» ба ҷои «лейтенанти хурд» (аз олмонӣ: Leutenant < фр. lieutenant «ҷонишин; муъовин») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[7].

Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]

«Таҳмдор» яке аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён (250 то милод224) аст, ки пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи юн.-қад. τάγματάρχος (τάγμαгурдон’ + άρχωфармондеҳ’, яъне саргурд[8]) дар сипоҳи Руми Шарқӣ донистаанд: паҳлавӣ: tagm(a)dār < юн.-қад. τάγμα > паҳлавӣ: tahmīhнерӯ’ + -dārдоранда’ < паҳлавӣ: tahmdārфармондеҳи таҳм[9].

«Тагма» дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100—500 сарбозро дар бар мегирифт. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавӣ: tahmīhнерӯ’ (> эронии бостон: *taxma- > √*tak-тохтан, давидан[4] < порсии миёна: tahmīh > форсӣ: تهم‎ [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон[10]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст.

Дар сипоҳи Сосониён (224651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[11], низ яке аз ягонҳо таҳм (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[12]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд рада (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[13].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[7].

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 5 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
  4. 4.0 4.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. — ISBN 964-7531-28-1.
  5. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 106
  6. 6.0 6.1 Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — с. 408
  7. 7.0 7.1 Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  8. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  9. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. – СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. – 400 с., ил. – (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1.
  10. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.
  11. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2-5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  12. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 29 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  13. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449—451 гг. Кампании и сражения.- Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017.