Товус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Товус
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Pavo Linnaeus, 1758
Навъҳо
  • Pavo cristatus
  • Pavo muticus

Товус, мурғи биҳишт (Pavo Linnaeus, 1758) — як навъ мурғи зебост аз оилаи тазарвиҳо. Ду гунаи товус (муқаррарӣ — Pavo cristatus ва кабудбол — Pavo muticus) маълум аст.

Тавсифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Товуси муқаррарии нарина хеле хушранг аст; дарозии танаш 100—125 см, думаш 40—45 см. Парҳои болои думаш (калал), ки онҳоро иштибоҳан дум меҳисобанд, хеле дарозанд (120—130 см) ва «чашмакҳо»-и базеб доранд. Вазнаш 4—4,25 кг. Сар, гардану қафаси синааш кабуд, пушташ сабз, шикамаш сиёҳ. Товуси модина нисбатан хурдҷусса буда, парҳои дароз надорад. Ба монанди товуси нарина хушранг нест. Дар нимҷазираи Ҳиндустон ва ҷазираи Шри-Ланка маскун аст. Товуси кабудбол хушрангу зебост. Товусҳои наринаву модина аз ҷиҳати ранг ба ҳам хеле монандавд. Дар Ҳиндухитой, Малакка ва Суматра вомехӯрад. Товус дар буттазор ва соҳили дарёҳо зиндагӣ мекунад. Дар замин лона месозад ва 5—6-то тухм метузорад. Товуси модина баъди 27—30 рӯз чӯҷа мебарорад. Асосан нармбаданҳо (моллюскҳо), ҳашарот ва рустаниро мехӯрад. Товус дар байни мардуми Шарқ аз қадим машҳур аст. Товус дар Ҳиндустон қисман хонагӣ шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]